Сатҳи таваррум дар моҳи марти соли равон низ раванди муътадил дошт

Апрель 16, 2016 10:49

Душанбе, 16.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, дар моҳи марти соли равон сатҳи таваррум тамоюли пастравиро идома дода, нисбат ба моҳи қаблӣ 0,3 банди фоизӣ коҳиш ёфт ва ба 0,2 фоиз баробар шуд. Аз аввали сол нишондиҳандаи мазкур 2,1 фоизро ташкил намуд. Таварруми ҳосилшуда дар семоҳаи якуми соли равон аз ҳисоби нархи маҳсулоти озуқа ба андозаи 1,7 фоиз, ғайриозуқа 1,8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 4,3 фоиз ба даст омад.
Сатҳи таварруми солона (барои 12 моҳи охир) дар моҳи марти соли равон 5,6 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,9 банди фоизӣ кам мебошад.
Омилҳои асосии пастравии таваррум, бахусус дар моҳҳои феврал ва марти соли равон, пеш аз ҳама, муътадил гардидани вазъи бозори дохилии асъор ва устуворшавии қурби пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ ба шумор рафта, онҳо ба паст шудани нархи молу маҳсулоти истеъмолии воридшаванда (хусусан орд, шакар, равған, масолеҳи бинокорӣ, маҳсулоти нафтӣ)таъсир расониданд. Дар баробари ин, афзоиши пешниҳоди маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, аз ҷумла аз ҳисоби захираҳои моддии давлатӣ бо назардошти сатҳи мувозинати талаботу пешниҳод ба раванди пастравии сатҳи нархҳо низ мусоидат намуданд.
Дар се моҳи соли равон арзоншавии молҳои озуқаворӣ ва ғайриозуқаи зерин, аз қабили нархи орди навъи якум (3,7 фоиз), гӯшти гӯсфанд (1,2 фоиз), биринҷ (2,7 фоиз), сабзӣ (24,9 фоиз), карам (12,0 фоиз), шир (10,6 фоиз), тухм (4,5 фоиз), масолеҳи бинокорӣ (0,6 фоиз), бензин (4,2 фоиз)ва гази моеъ (11,9 фоиз)ба қайд гирифта шуд.
Бояд тазаккур дод, ки раванди муътадили сатҳи таваррум аз омилҳои асосии таъминкунандаи суботи молиявӣ ва устуворкунандаи вазъи иқтисодию иҷтимоӣ ба шумор меравад.

Апрель 16, 2016 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд