Семинар бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ
Душанбе, 28.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. 26-27 апрели соли равон дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ маҷлиси тантанавӣ ва семинари минтақавӣ «Оид ба низоми Шартнома дар бораи ҳамкории патентӣ (PCT)» баргузор шуд.
Дар он намояндагони вазорату идораҳо, аъзои Шӯрои миллӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ихтироъкорону навоварон, донишҷӯёни соҳибистеъдоди донишгоҳҳои олии кишвар, меҳмонон аз идораҳои патентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил-Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон, Ташкилоти патентии Авруосиёӣ (ТПАО) ва Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ) ширкат намуданд.
Мақсади семинар пешниҳоди маълумот дар бораи моҳияти Шартнома дар бораи ҳамкории патентӣ, яке аз низомҳои мусоидаткунандаи ҳифзи ихтирооти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар мебошад








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






