Шаҳрдори Хоруғ аз шеваи баргузории тӯйҳо розӣ нест
Хоруғ, 01.04.2016. (АМИТ «Ховар»). -Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ риояи бандҳои Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ»-ро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод. Раиси шаҳри Хоруғ Қиматгул Алибердиева аз фаъолияти комиссияи доимии назорат аз болои бандҳои қонуни мазкур изҳори нигаронӣ намуда, гуфт, ки ҳанӯз ҳам сокинони шаҳр ҳангоми баргузор кардани тӯю дигар маъракаҳои хурсандӣ ба исрофкорӣ роҳ медиҳанд. Истифодаи шумораи зиёди мошинҳо дар тӯй аз як сӯ агар ба буҷаи соҳибони туй зиён расонад, аз сӯи дигар баъзан вазъи низоми ҳаракати нақлиётро дар роҳҳои мошингард халалдор месозад. Ба тӯю маъракаҳои хурсандӣ ҳанӯз ҳам теъдоди зиёди одамон даъват карда мешаванд.
Ба ҷуз ин маросимҳои хурсандии хонаводагии худ, ба мисли зодрӯзу хатнатӯйҳоро дар тарабхонаю қаҳвахонаҳо баргузор мекунанд.
Раиси шаҳр ба масъулини бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ супориш дод, ки аз ин баъд назоратро аз болои тарзу шеваи баргузории тӯйю маъракаҳои хурсандӣ пурзӯр намоянд, ба сокинони шаҳр фаҳмонанд, ки ҳамаи ин хароҷоту сарфи беҳуда ба нафъи онҳо нест.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






