Шароити хизмати аскарон беҳтар мегардад
Душанбе, 11.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. -Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии ҶТ зимни сафари корӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ ба Шуъбаи милитсияи деҳоти Эсанбой-и ШВКД-1 дар ноҳияи мазкур рафта, бо ҷараёни хизмати кормандони ин минтақа шинос шуд ва барои беҳтар намудани шароити хизмат ва корҳои ободонию созандагӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Зимни суҳбат бо ҳайати шахсии минтақаи мазкур зикр гардид, ки нақши нозирони минтақавӣ ва Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон муҳим буда, дар якҷоягӣ бо мақомоти салоҳиятдори давлатӣ ҷоннок намудани корҳои пешгирӣ аз манфиат холӣ нест.
Роҳбарияти ВКД ҶТ ба ҳайати шахсии Шуъбаи милитсияи деҳоти Эсанбойи ШВКД-1 барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои олии давлату миллат, садоқат ба Ватан ва тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии онҳо, таъмини риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






