«Шоҳнома» ва «Тоҷикон дар оинаи таърих»-ро мехонем!
Душанбе, 22.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ҳамоиши ҳизбӣ таҳти унвони «Китоби «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ва китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мехонем!» дар донишгоҳову донишкадаҳо ва коллеҷҳо баргузор мешавад. 21 апрел ҳамоиши мазкур дар Коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.
Устодону коршиносони соҳа зикр карданд, ки дар таърихи тамаддуни башарият мақом ва манзалати «Шоҳнома» хеле бузург аст. Паҳлуҳои мухталифи «Шоҳнома» асосан дар бораи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва пос доштани забони форсу тоҷик буда, дар баробари ин китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муарифгари миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мақом ва манзалати хоса дорад.
Сипас аз рӯи шартҳои ҳамоиш курсантони коллеҷи миллитсия қироати шеърҳо аз «Шоҳнома»-и Фирдавсии бузург, сурудҳо дар васфи ватанпарастиву ватандӯстӣ, шеърҳо дар васфи «Пешвои миллат», баромадҳо аз рӯи мавзӯъҳои китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» ва намоиши достони «Рустам ва Суҳроб» пешкаши ҳозирин гардонида шуда, аз тарафи коршиносон баҳои баланд дода шуд.
Зикр шуд, ки ҳадафи ҳамоиши ҳизбӣ таҳти унвони «Китоби «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ва китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мехонем!» аз дӯст доштани Ватан, ҳифзи марзу бум, далериву мардонагӣ, Ваҳдати миллӣ, мавқеи занон ва ҷавонон дар ҷомеа, нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар кори ба даст овардани комёбиҳои замони истиқлолият, тарғиби дигар ғояҳои пешқадам, ки дар китоби «Шоҳнома» ва «Тоҷикон дар оинаи таърих» оварда шудааст, иборат мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






