Шумораи парвозҳо аз Тоҷикистон ба Афғонистон зиёд мешавад
Душанбе, 18.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати нақлиёти кишвар вохӯрии маъмуриятҳои авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон вобаста ба зиёд намудани шумораи парвозҳо ва баррасии бозори ҳамлу нақли ҳавоӣ баргузор гардид.
Дар натиҷаи вохӯрӣ тафоҳумнома ба имзо расонида шуд, ки тибқи он ширкатҳои ҳавопаймоии таъйнотии ҷонибҳо метавонанд то панҷ парвоз дар як ҳафта аз ҳар як ҷониб амалӣ намоянд.
Вобаста ба ин бо мақсади ба роҳ мондани парвозҳои транзитӣ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр” ба нақша гирифтааст, ки 29 апрели соли 2016 парвози аввалини худро дар хатсайри Душанбе-Кобул-Душанбе амалӣ намояд.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






