Сохтмони иншоотҳои таълимӣ дар Норак

Апрель 20, 2016 15:32

Қурғонтеппа, 20.04.2016. (АМИТ «Ховар). Тайи солҳои охир сохтмони иншоотҳои гуногун дар вилояти Хатлон идома дорад.
Дар шаҳри Норак ба сохтмони мактабҳо диққати ҷиддӣ дода мешавад. Тавре сармеъмори шаҳри Норак Шӯҳрат Азимов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар доираи омодагиҳо ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи Рӯдакии шаҳри Норак сохтмони мактаби нави замонавӣ барои 660 хонанда дар як баст ба истифода дода мешавад.
Мактаби мазкур аз 22 синфхона ва дигар утоқҳои корӣ барои машғулиятҳои хонандагон ва омӯзгорон иборат мебошад.
Дар мактаб барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ тамоми шароит муҳайё карда мешавад.

Апрель 20, 2016 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад