КАСБОМӮЗӢ — РОҲИ РАСИДАН БА ШУҒЛИ УСТУВОР. Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир беш аз 44 ҳазор нафарро ба омӯзиш фаро гирифт

Ноябрь 28, 2026 08:27

ДУШАНБЕ, 28.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир» дар 9 моҳи соли соли 2026 аз рӯйи 83 номгӯй касбҳои амалкунанда 44 ҳазору 967 шаҳрвандро ба даврҳои касбомӯзӣ, ҳунаромӯзӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ фаро гирифтанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 20 ҳазору 536 нафар зиёд мебошад.

— Тавре дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини директори Муассисаи давлатии «Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир» Беҳрӯз Давлатов иттилоъ дод, аз шумораи умумии шаҳрвандони ба омӯзиш фарогирифта 23 ҳазору 297 нафарро занону духтарон ташкил медиҳанд. Ҳамзамон 13 ҳазору 283 нафар дар доираи барномаҳои давлатӣ, 18 ҳазору 754 нафар аз ҳисоби маблағҳои худӣ ва 12 ҳазору 930 нафар тибқи тартиби амалисозӣ ва расмиёти эътирофи салоҳияти калонсолон ва валидатсия ба омӯзиш ҷалб гардиданд.

Аз рӯйи тақсимоти минтақавӣ дар шаҳри Душанбе 4 ҳазору 224 нафар, вилояти Суғд- 12 ҳазору 428 нафар, вилояти Хатлон- 15 ҳазору 985 нафар, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон- 4 ҳазору 248 нафар ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 8 ҳазору 82 шаҳрванд ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд.

Таваҷҷуҳ ба омӯзиши касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ

Дар самти татбиқи барномаҳои омӯзиши касбӣ марказ ва филиалҳои он 34 ҳазору 584 шаҳрвандро ба омӯзиши касбҳои коргарӣ ҷалб намуданд, ки 14 ҳазору 15 нафари онҳоро занону духтарон ташкил медиҳанд.

Бо назардошти афзоиши талаботи бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ ба мутахассисони дорои малакаи забонҳои хориҷӣ, марказ ба рушди самти забономӯзӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Дар ин замина тавассути дастгоҳи марказӣ ва филиалҳои он 2 ҳазору 591 шаҳрванд ба даврҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ фаро гирифта шуданд, ки 1161 нафари онҳоро занону духтарон ташкил медиҳанд.

Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, бо мақсади тавсеаи ҳунармандӣ ва эҳёи анъанаҳои миллӣ аз соли 2025 дар назди филиалҳои марказ бахшҳои ҳунарҳои миллӣ фаъолият менамоянд. Дар ин самт ҳамкорӣ бо ҳунармандони маҳаллӣ ба роҳ монда шуда, шаҳрвандон, ба хусус ҷавонон ва занону духтарони хонанишин ба омӯзиши ҳунарҳои миллӣ ва касбу малакаҳои муосир ҷалб карда мешаванд.

Омӯзиши касбӣ барои муҳоҷирон ва гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ

Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти марказ ҷалби муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан бозгашта ба омӯзиши касбу ҳунар ва такмили малакаҳои касбӣ мебошад. Дар нуҳ моҳи соли равон 8335 муҳоҷири меҳнатии ба Ватан бозгашта ба даврҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ фаро гирифта шуданд.

Инчунин дар доираи ҳамкорӣ бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Норак 1345 маҳбус ба омӯзиши касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ ҷалб гардид. Аз шумораи умумии омӯзишгирандагон 270 нафарро занон ташкил медиҳанд.

Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкасб гардидани наврасон, марказ ва филиалҳои он 368 навраси аз 16 то 18-сола, аз ҷумла 253 духтар ва 115 писар ба даврҳои омӯзиши дӯзандагӣ, қаннодӣ, ороиши мӯй, омӯзиши компютерӣ ва дигар касбу ҳунар фаро гирифта шуданд.

Ҳамчунин 60 духтари ятиму бепарастор дар доираи ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии Маркази таълимии занон «Сарвар» ба омӯзиши касбҳои дӯзандагӣ ва дигар самтҳо ҷалб гардида, пас аз хатми даврҳо соҳиби шаҳодатномаҳои намунаи давлатӣ шуданд.

Тақвияти ҳамкорӣ бо ташкилоту муассисаҳо

Дар самти ҷалби бештари шаҳрвандон ба касбомӯзӣ марказ ҳамкориро бо вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва шарикони рушд густариш медиҳад.Аз ҷумла, дар доираи ҳамкорӣ бо Ташкилоти байналмилалии «Наҷоти кӯдакон», Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии ҷангал»-и ноҳияи Муъминобод, Муассисаи давлатии «Иттиҳодияи илмию истеҳсолӣ оид ба муҳофизат, истифода ва таъмири ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ», Мактаб-интернати хонандагони лаёқатманди ноҳияи Восеъ, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» ва дигар ташкилоту муассисаҳо шаҳрвандон ба омӯзиши касбу ҳунар ҷалб гардиданд.

Ҳамчунин дар доираи ҳамкорӣ бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо аз 3 августи соли равон 16 корманд ва шаҳрвандони хоҳишманд ба даврҳои ройгони омӯзиши касби «Челонгари таҷҳизоти сантехникӣ» ва забони англисӣ фаро гирифта шуданд, ки 13 нафар занон мебошанд.

Пешгирии меҳнати кӯдак ва ҳифзи ҳуқуқи наврасон

Бахши мониторинги меҳнати кӯдак дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти худро дар самти пешгирии истифодаи меҳнати кӯдакон, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва фароҳам овардани имконияти мусоид барои таҳсилу касбомӯзии наврасон идома дод. Дар ин замина бо хонандагони муассисаҳои таълимӣ корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, ба масъалаҳои пешгирии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва интихоби роҳи минбаъдаи таҳсилу фаъолияти касбӣ таваҷҷуҳ зоҳир мегардад.

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар бозорҳо, нуқтаҳои хизматрасонӣ, ҷойҳои шустушӯи воситаҳои нақлиёт ва дигар маконҳое, ки эҳтимоли ҷалби кӯдакон ба фаъолияти меҳнатӣ вуҷуд дорад, низ гузаронида шуданд.

Ҳамзамон ҳамкорӣ бо шарикони рушд, аз ҷумла Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) ва Созмони байналмилалии меҳнат дар Тоҷикистон идома дошта, масъалаи такмил ва навсозии сомонаи иттилоотии no-childlabour.tj низ мавриди таваҷҷуҳ қарор дорад.

Касбҳои нав — мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат

Муовини директори Муассисаи давлатии «Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир» Беҳрӯз Давлатов афзуд, ки бо мақсади мутобиқ намудани низоми касбомӯзӣ ба талаботи рӯзафзуни бозори меҳнат, рушди технологияҳои муосир ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба ниёзҳои иқтисоди миллӣ марказ ният дорад, ки дар оянда омӯзиши якчанд касбҳои нави замонавиро ба роҳ монад. Аз ҷумла, яке аз самтҳои ояндадори фаъолияти марказ ташкил намудани даврҳои омӯзишӣ аз рӯйи ихтисоси мутахассиси насб, таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти энергетикии офтобӣ мебошад. Бо назардошти истифодаи рӯзафзуни манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва таваҷҷуҳ ба технологияҳои каммасраф талабот ба мутахассисони дорои дониш ва малакаи кор бо чунин таҷҳизот низ меафзояд.

Дар ин замина марказ тасмим гирифтааст, ки мутахассисони соҳаро барои такмили дониш ва малакаҳои касбӣ ба муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои тахассусии кишварҳои хориҷӣ равон намояд. Пас аз бозгашт онҳо метавонанд дар марказ ба ҳайси омӯзгор фаъолият намуда, ба хоҳишмандон тарзи насб, васлу пайваст, истифода, ташхис ва таъмири панелҳои офтобӣ, инверторҳо, батареяҳои захиравӣ ва дигар таҷҳизоти марбут ба низоми энергетикии офтобиро омӯзонанд.

Ҳамзамон бо назардошти тағйирёбии бозори нақлиёт ва зиёд гардидани таваҷҷуҳ ба воситаҳои нақлиёти барқӣ марказ нақша дорад, ки дар самти таъмир, ташхис ва хизматрасонии техникии электромобилҳо низ даврҳои махсуси касбомӯзӣ ташкил намояд.

Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, ин раванд ба васеъ гардидани имконияти шуғли аҳолӣ, таъсиси ҷойи нави кор, рушди соҳибкории хурду миёна ва баланд бардоштани рақобатпазирии мутахассисони ватанӣ дар бозори меҳнат мусоидат хоҳад кард.

«Татбиқи ин иқдомҳо дар заминаи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 оид ба таъсиси 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи нави кор дар панҷ соли оянда баён гардидаанд, амалӣ карда мешавад. Дар ин раванд рушди низоми касбомӯзӣ, косибӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз омилҳои муҳими мусоидат ба шуғли аҳолӣ ба ҳисоб мераванд»,—иброз дошт Беҳрӯз Давлатов.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (16 декабри соли 2025) иброз доштанд, ки ҳар сол дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди мамлакат беш аз 200 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода шуда, беш аз 150 ҳазор хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ба бозори меҳнат ворид мегарданд.

Аз ин лиҳоз, аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар сохторҳои марбута барои амалӣ гардонидани сиёсати давлат дар самти мусоидат ба шуғли аҳолӣ бояд тадбирҳои судманд андешида шаванд.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки ба шуғли расмӣ ҷалб кардани аҳолии қобили меҳнат, таъмин намудани кафолатҳои меҳнатии кормандон, баҳисобгирии дақиқи қувваи корӣ, тақвияти буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва дар ин замина баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон масъалаҳои муҳимтарин дар ин самт мебошанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва вазорату идораҳо супориш доданд, ки татбиқи самарабахши нишондиҳандаҳои пешбининамудаи барномаҳои давлатиро барои дар панҷ соли оянда таъсис додани 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи кор ва дар ин раванд баланд бардоштани нақши соҳибкории хурд, косибӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таъмин намоянд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 28, 2026 08:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тартиби гузаронидани экспертизаи зиддитабъизии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамоиш доир шуд
«ПИРИ ҲАКИМОНИ МАШРИҚЗАМИН». Рисолаи Сотим Улуғзода оид ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино
Дар муассисаҳои таҳсилоти иловагии Тоҷикистон 305 маҳфили фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёз амал менамоянд
Дар Нуробод масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ бо Ҷопон баррасӣ гардиданд
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Соли 2026 метавонад яке аз чор соли гармтарин дар таърихи мушоҳидаҳои иқлимӣ бошад
Дар Минск ҷаласаи Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони ИДМ баргузор гардид
ҲУНАР ОМӮЗ! Дар Тоҷикистон беш аз 77 ҳазор наврасон ба муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ҷалб гардидаанд
Форуми сеюми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон доир шуд
РАҚАМИКУНОНИИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. Дар Тоҷикистон беш аз 120 хизматрасонии давлатӣ тавассути портали электронӣ дастрас мебошад
Дар Литсейи касбии техникии саноати насcоҷии Душанбе Маркази минтақавии омӯзишӣ оид ба ғизои мактабӣ ба истифода дода шуд
«ҲУНАРМАНДИ СОЛ-2026». Даври ҷумҳуриявии озмун ҷамъбаст гардид
Роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон Габриэл Акимова: «Тоҷикистон як гавҳари ниҳон аст»