Суханронии Пешвои миллат дар маросими ифтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №28-и шаҳри Норак

Апрель 27, 2016 11:26

27.04.2016, шаҳри Норак

Омӯзгорону шогирдони азиз!
Падару модарони арҷманд!
Ҳозирини гиромӣ!

Имрӯз мо дар шаҳри Норак – маркази энергетикҳои кишварамон се мактаби нави замонавӣ ва дастгоҳи тақсимкунандаи 500 — киловолтаро ба истифода додем, ки ҳамаи онҳо туҳфаи арзандаи идона ба аҳли маориф, хонандагони шаҳри Норак ва падару модарони онҳо, инчунин кулли энергетикҳову саноатчиён дар соли таҷлили 25 – солагии истиқлолияти давлатии Ватани азизамон мебошанд.

Мо аз субҳи имрӯз то назди шумо омадан дар деҳаи Чашма мактаби нав барои 480 хонанда ва дар деҳаи Сари Гузари деҳоти Дуконӣ гимназияи навбунёдро бо 726 ҷойи нишаст ба истифода супоридем.

Яъне мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28 сеюмин муассисаи таълимӣ мебошад, ки мо ба фаъолияти он чанд лаҳза пеш ифтитоҳ бахшидем.

Бинобар ин, бо камоли хушҳолӣ ҳамаи устодону шогирдон ва кулли мардуми меҳмоннавози шаҳри Норакро ба ифтихори ин рӯйдоди муҳим табрик гуфта, орзу дорам, ки дар ин боргоҳҳои одобу маърифат фарзандони бонангу номус ва номбардорони ояндаи Ватан ба камол хоҳанд расид.

Воқеан, ба хотири таълиму тарбия кардан ва ба камол расонидани кадрҳои донишманд ва соҳибмаърифату баландихтисос, ки мактаб зинаи аввали ин раванд мебошад, мо бунёди муассисаҳои таълимӣ ва фароҳам овардани тамоми шароити заруриро барои фарзандони мардуми диёрамон вазифаи аввалиндараҷаи худ медонем.

Яъне мо ҳамаи имконияту воситаҳоро ба хотири тақвияту таҳкими пояҳои илму маориф ҳамчун соҳаи муҳимми иҷтимоӣ равона карда истодаем.

Зеро таъмин намудани рушди ояндаи давлат ба масъалае робитаи мустақим дорад, ки мо дар кадом сатҳ насли босаводу худогоҳ ва соҳибмаърифату ватандӯстро тарбия карда, ба воя мерасонем.

Иҷрои ин кори ниҳоят муҳимму ба оянда нигаронидашуда, пеш аз ҳама, вазифаи устодону омӯзгорон, яъне аҳли маориф, падару модарон ва тамоми афроди бонангу номуси ҷомеа мебошад.

Онҳо вазифадоранд, ки бо истифода аз шароиту имкониятҳои фароҳамовардаи давлат ва Ҳукумат дар самти тарбияи насли ояндасоз, яъне дар бунёди ҷомеаи пешрафта ҳамеша саъю кӯшиш намоянд.

Барои расидан ба чунин ҳадафи олӣ зарур аст, ки раванди бунёду азнавсозии мактабҳои замонавӣ, таъмин кардани онҳо бо таҷҳизот ва асбобу ашёи зарурӣ, аз ҷумла технологияҳои замонавию шароити касбомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони баландихтисоси касбӣ боз ҳам тақвият дода шавад.

Қобили зикр аст, ки Ҳукумат доир ба пешрафти соҳаи маорифи кишвар ва марҳала ба марҳала таҳким бахшидани заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ ҳамаи чораҳои заруриро андешида истодааст.

Масалан, дар панҷ соли охир танҳо дар шаҳри Норак аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 11 бинои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 4400 ҷойи нишаст бунёд гардида, сохтмони боз як мактаби замонавӣ дар деҳаи Тутқавул барои 1040 нафар хонанда дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад, ки то рӯзҳои таҷлили 25 — солагии истиқлолияти давлатӣ дарҳои худро барои хонандагони ин гӯшаи диёрамон боз хоҳад кард.

Илова бар ин, лоиҳакашии мактаби нав барои 480 ҷойи нишаст дар деҳаи Лангар ба охир расида, вақтҳои наздик сохтмони он низ оғоз мегардад.

Ҳоло бо супориши Роҳбари давлат як маркази касбомӯзӣ барои 250 нафар бунёд шуда истодааст, ки то охири соли ҷорӣ ба истифода супорида мешавад ва ҷавонон дар он касбҳои вобаста ба хизматрасонии иншооти энергетикӣ, инчунин чӯбкорӣ ва дигар ҳунарҳоро хоҳанд омӯхт.

Мехоҳам бо қаноатмандӣ хотирнишон созам, ки хусусан солҳои охир ташаббуси Ҳукумати кишвар дар самти азнавсозии инфрасохтори соҳаи маориф аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ дастгирӣ ёфта, бо ташаббус ва маблағгузории онҳо таъмиру бунёди мактабҳо ва синфхонаҳои иловагӣ дар бисёр шаҳру ноҳияҳои кишварамон бомаром идома дорад.

Муассисаи таълимие, ки мо имрӯз дар деҳаи Чашма ба истифода додем, аз ҳисоби соҳибкори маҳаллӣ Муҳиддин Табаров бо тамоми шароити таълиму тарбия сохта, ба истифода дода шудааст.

Инчунин, чанде пеш дигар соҳибкори ҳимматбаланд Муҳидов Абдурасул мактаби умумии рақами 27 –ро сохта, ба шӯъбаи маорифи шаҳр тӯҳфа кардааст ва ҳоло бо ташаббуси боз як соҳибкори маҳаллӣ Ятимов Умед дар деҳаи Кибил сохтмони муассисаи томактабӣ барои 150 нафар кӯдакон идома дорад.

Бинобар ин, ба ҳамаи соҳибкорони саховатманд ва дигар шахсони ҳимматбаланде, ки бо чунин корҳои хайр ва ташаббусҳои ватандӯстонаву ҷавонмардона дар ободии диёри худ саҳмгузорӣ мекунанд, бори дигар сипосу миннатдорӣ баён менамоям.

Вақтҳои охир бунёди мактабҳои замонавӣ дар шаҳру деҳоти гуногуни мамлакат дар доираи созишномаҳои ҳамкорӣ бо шарикони рушд низ вусъат гирифта истодааст.

Гимназияи рақами як дар деҳаи Сари Гузар ва муассисаи таълимии ҳозиразамон, ки мо ҳоло дар он қарор дорем, натиҷаи неки ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад, ки бо истифода аз фурсат ба роҳбарияти кишвари ба мо дӯсту ҳамсоя низ миннатдорӣ баён мекунам.

Ҳамаи мактабҳое, ки имрӯз ба истифода супорида шуданд, бо риояи талаботи меъмории муосир бунёд гардида, дар онҳо тамоми шароити замонавии таълим фароҳам оварда шудааст.

Ман қариб дар тамоми суханрониҳои худ ба устодону омӯзгорон, падару модарон ва хонандагон доим таъкид месозам, ки аз шароиту имкониятҳои муҳайёгардида ҳарчи бештар ва самаранок истифода намоянд.

Ҳамчунин, шумо фарзандони азиз, бояд ба қадри заҳмату ғамхориҳои давлату Ҳукумат, падарону модарон, устодону омӯзгорон ва шахсони саховатманде, ки дар бунёди муассисаҳои таълимӣ саҳм мегузоранд, расида, барои тозаву озода нигоҳ доштани мактаб ҷидду ҷаҳд намоед, ҳар рӯзи хонишро барои азхуд кардани донишҳои нав, касбу ҳунар ва одобу ахлоқ сарф кунед.

Зеро замони муосир аз шумо, наслҳои ояндасоз азхудкунии донишҳои муосир, малакаи кор карда тавонистан бо технологияҳои замонавӣ ва донистани забонҳои хориҷиро ҷиддан тақозо мекунад.

Давраи таҳсил дар мактаб фурсатест, ки саводу дониш ва маърифати азхудкардаатон тамоми умр барои шумо ҳамчун сипар хизмат мекунад.

Аз ин лиҳоз, омӯзгорон ва аҳли маориф вазифадоранд, ки ба шогирдони хеш донишҳои замонавиро ҳарчи амиқтар омӯзонанд ва онҳоро дар рӯҳияи дӯст доштани донишу маърифат, риояи одобу ахлоқи ҳамида, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ тарбия намоянд.

Бояд гуфт, ки танҳо дар панҷ соли охир беш аз 2300 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Хатлон, аз ҷумла қариб 100 нафар аз шаҳри Норак бо квотаи президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дохил гардида, як қисми онҳо аллакай мактабҳои олиро хатм кардаанд ва садҳо нафари дигарашон илму дониш андӯхта истодаанд.

Бовар дорам, ки онҳо низ баъди хатми донишгоҳу донишкадаҳо ҳамчун мутахассисони ҷавони даврони истиқлолият дар пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилояту шаҳр ва ободу зебо гардонидани диёри худ саҳми арзанда мегузоранд.

Дар баробари ин, таъкид месозам, ки то ҳол дар муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон ва шаҳри Норак нарасидани муаллимони забонҳои хориҷӣ ва фанҳои дақиқ ба мушоҳида мерасад.

Бинобар ин, Вазорати маориф ва илм вазифадор карда мешавад, ки якҷо бо роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати ҳарчи зудтар бартараф кардани мушкилоти зикршуда ва бо омӯзгорони ихтисосманд ва навовару эҷодкор таъмин намудани ҳамаи муассисаҳои таълимӣ тадбирҳои ҷиддӣ ва мушаххас андешад.

Ҳозирини гиромӣ!

Ҳукумати мамлакат ба рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии сокинони шаҳри Норак таваҷҷуҳи хосса медиҳад.

Дар давоми солҳои 2010-2015 дар шаҳри Норак татбиқи як қатор лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии қариб 330 миллион сомонӣ ба анҷом расонида шудааст ва ҳоло татбиқи 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти шаҳр ба маблағи 440 миллион сомонӣ идома дорад.

Илова бар ин, солҳои охир аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 18 километр роҳҳои шаҳр ва атрофи он бо сарфи зиёда аз 10 миллион сомонӣ таъмиру азнавсозӣ карда шуданд.

Нерӯгоҳи барқи обии Норак аз ҷумлаи иншооти муҳимму стратегии кишвар ба ҳисоб рафта, манбаъи асосии равшаниву гармии хонадони мардуми кишвар ва ҳамаи иншооти иҷтимоиву хизматрасонӣ, инчунин фаъолияти коргоҳу корхонаҳои саноатии мамлакат ва обёрии заминҳои корам мебошад.

Давлат ва Ҳукумати мамлакат бо мақсади дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани ин иншооти муҳим пайваста чораҷӯӣ карда истодааст.

Махсусан, дар давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат барои нигоҳдорӣ ва таҷдиду барқарорсозии нерӯгоҳи барқи обии Норак қариб як миллиард сомонӣ маблағгузорӣ шудааст.

Дар ин давра дастгоҳҳои тақсимкунандаи 500 ва 220 — киловолта бо истифодаи технологияҳои ҳозиразамон аз нав сохта шуданд ва мо имрӯз яке аз онҳо — дастгоҳи 500 – киловолтаро ба истифода супоридем. Ғайр аз ин, ду агрегати нерӯгоҳ аз таъмири асосӣ бароварда шуд.

Мо ҷиҳати бо технологияҳои муосир таҷҳизонидани дастгоҳҳои зикршуда ва таъмини фаъолияти боз ҳам устувору самараноки онҳо ба ин кор афзалият дода, маблағҳои имтиёзноки ташкилотҳои байналмилалии молиявиро дар ҳаҷми қариб 690 миллион сомонӣ (86 миллион доллари амрикоӣ) ҷалб намудем.

Ҳоло корҳои омодагӣ барои таҷдиди нерӯгоҳ оғоз гардида, бо дастгирии Бонки Ҷаҳонӣ асосноккунии техникиву иқтисодии лоиҳа таҳия шудааст ва корҳои омӯзишиву таҳқиқотӣ бо ҷалби вазорату идораҳои дахлдор ва мутахассисон идома доранд.

Нерӯгоҳи барқи обии Норак 44 сол аст, ки хизмат карда истодааст ва ҳоло ба таъмиру навсозии ҷиддӣ ниёз дорад. Тибқи ҳисоби пешакӣ барои татбиқи лоиҳа зиёда аз 4,7 миллиард сомонӣ (баробар ба 600 миллион доллари амрикоӣ) сармоягузорӣ зарур аст, ки ҳоло барои дарёфти он кор бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ идома дорад.

Таҷдиду барқарорсозии нерӯгоҳи Норак дар ду марҳала, яъне аввал ивази се агрегат ва таҷҳизоти ёрирасони нерӯгоҳ ва дар марҳалаи дуюм иваз кардани шаш агрегати дигар ба нақша гирифта шудааст.

Дар робита ба ин, ба Вазорати энергетика ва захираҳои об, Ширкати «Барқи Тоҷик» ва дигар вазорату идораҳои дахлдор супориш дода мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо мутахассисон корҳои омӯзишиву таҳқиқотиро ҳарчи зудтар ба анҷом расонанд. Ҳамзамон бо ин, ба Ҳукумати мамлакат зарур аст, ки якҷо бо шарикони рушд ҷиҳати дарёфт ва ҷалби сармоягузорӣ чораҷӯӣ намояд.

Норак дар баробари ин, ки шаҳри энергетикӣ мебошад, инчунин дорои имконияту иқтидорҳои саноатӣ буда, фаъолияти самараноку мунтазами онҳо ва ташкили корхонаҳои дигари саноатӣ имкон медиҳад, ки ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, шароити зиндагии сокинон боз ҳам беҳтар карда шавад.

Ҳоло дар корхонаҳои саноатии шаҳри Норак дар баробари қувваи барқ, инчунин маснуот ва таҷҳизоти гуногуни металлӣ, масолеҳи сохтмон, дӯзандагиву бофандагӣ ва маҳсулоти дигари ниёзи аввал истеҳсол карда мешавад. Вале ин қонеъкунанда нест, чунки имконияту захираҳо барои рушди саноат дар ин шаҳр зиёданд.

Аз ҷумла, раванди босуръати бунёди иншооти хурду бузурги энергетикӣ дар мамлакат ба рушди корхонаҳои саноатӣ, хусусан вусъатбахшии истеҳсоли маҳсулоти махсусгардонидашуда дар корхонаҳои саноатии Норак мусоидат менамоянд.

Аз ин лиҳоз, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норакро зарур аст, ки якҷо бо соҳибкорону сармоягузорон ҷиҳати воридоти технологияҳои муосир ва таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ чораҳои иловагӣ андешанд.

Инчунин, зарур аст, ки аз ҷониби роҳбарону масъулини шаҳри Норак доир ба истифодаи самараноки заминҳои мавҷуда, аз ҷумла дар самти тараққӣ додани боғдориву сабзавоткорӣ, махсусан, ташкили гармхонаҳо, парвариши сабзавоти барвақтӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, вусъат додани корҳои ободонӣ ва боз ҳам ободу зебо гардонидани шаҳри энергетикҳои мамлакат тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Ҷиҳати ноил шудан ба ин ҳадаф истифодаи васеи заминҳои хоҷагии ҷангал барои тавсеаи фаъолияти чорводорӣ, боғдорӣ ва растанипарварӣ мувофиқи мақсад мебошад.

Аз ҷониби дигар, бо дарназардошти дарёву обанборҳои мавҷуда имкониятҳои тараққӣ додани моҳипарварӣ ва рушди туризми дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла қаиқронӣ дар шаҳри Норак бояд ҳарчи пурраву самаранок истифода карда шаванд.

Норак ҳам дар гузашта ва ҳам имрӯз шаҳри сайёҳӣ мебошад ва зарур аст, ки дар ин ҷода аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Ширкати «Барқи Тоҷик» дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон барои фароҳам овардани шароити қабулу пазироии сайёҳон, яъне ташкили инфрасохтори зарурӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ чораҷӯӣ карда шавад.

Ин иқдом боиси афзоиши шумораи сайёҳон гардида, имкон медиҳад, ки садҳо нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин карда шаванд. Хотиррасон менамоям, ки дар ин раванд ба чорабиниҳои ҳифзи муҳити зист ва риояи меъёрҳои экологӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад.

Дар шароити имрӯза инчунин, вусъату густариши фаъолияти ҳамаи сохтору мақомоти дахлдор дар самти кор бо ҷавонон, аз ҷумла таъмин кардани онҳо бо ҷойи кор, ҷалби онҳо ба тарзи ҳаёти солим ва истифодаи нерӯи созандаи ҷавонон дар корҳои ободониву бунёдкорӣ аз ҷумлаи масъалаҳои ниҳоят муҳим ба шумор меравад.

Яке аз сабабҳои дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла шаҳри Норак бар хилофи арзишҳои фарҳангии миллӣ реша давонидани ақидаҳои ифротиву хурофотӣ ва хусусан солҳои охир ба як тамоюли хатарнок табдил ёфтани раванди зикршуда дар ҳамин аст.

Яъне бинобар камфаъолиятии масъулон, беназоратии баъзе падару модарон ва камсамар будани чорабиниҳои дар ин самт гузаронидашуда таъсири андешаҳои бегонаи ифротӣ ба мафкураи қишрҳои осебпазири ҷомеа, бахусус наврасону ҷавонон зиёд шуда истодааст.

Дар натиҷа, ҳоло дар ҷангҳои мусаллаҳона дар қаламрави давлатҳои дигар 26 нафар сокинони шаҳри Норак иштирок карда истодаанд, ки чунин амали нангин боиси таассуф буда, ба шаъну шарафи сокинони сарбаланди шаҳри Норак иснод меорад.

Норак яке аз шаҳрҳои фарҳангӣ ва маркази энергетикҳои кишварамон ба ҳисоб меравад ва имрӯзҳо садҳо нафар фарзандони он ҳамчун мутахассисони кордидаву соҳибтаҷриба дар бунёди иншооти энергетикии мамлакат софдилона заҳмат кашида истодаанд.

Ҳоло аз шаҳри Норак 1100 нафар мутахассисону коргарон дар бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун кор карда истодаанд.

Аз ин рӯ, кулли сокинони он бояд барои тарбия кардану ба камол расонидани насли навраси соҳибмаърифату худшинос ва мутахассисони баландпоя заҳмати худро дареғ надоранд, зеро танҳо чунин кадрҳои соҳибкасб метавонанд дар оянда фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноативу иншооти энергетикиро таъмин намуда, барои боз ҳам ободу пешрафта гардидани диёри худ саҳми муносиб гузоранд.

Таъкид месозам, ки пайдоиши ифротгароӣ барои инсоният ҳамчун як фоҷиаи мудҳиш ва гузашта аз ин, ҳамчун як вабои аср мушкилоти зиёде ба бор оварда, хусусан, вақтҳои охир ба осоишу оромии ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари ҷиддӣ эҷод карда истодааст.

Ифротӣ будан ва зери таъсири ақидаҳои ифротӣ мондан хоси мардуми тоҷик ва мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ нест.

Солҳост, ки мо такрор ба такрор аз дину мазҳаб ва ватану миллат надоштани террорист сухан ронда, ин амали номатлубро қатъиян маҳкум мекунем. Илова бар ин, ман ташаккул додани зиракии сиёсиро дар ниҳоди ҳар як фарди кишвар гаштаву баргашта таъкид месозам.

Ҳоло бори дигар ба сохтору мақомоти марбута, роҳбарони вилоят ва шаҳр, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, аҳли зиё ва падару модарон таъкид менамоям, ки фаъолияташонро дар самти таълиму тарбияи наврасону ҷавонон ҳамаҷониба тақвият бахшанд, корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни ҷавонон вусъат диҳанд ва барои аз байн бурдани амалҳои номатлуб ва пешгирӣ кардани ҳама гуна қонуншиканиҳо дар миёни наврасону ҷавонон дар доираи қонунҳои амалкунанда аз тамоми роҳу воситаҳои мавҷуда истифода намоянд.

Дар замоне, ки техникаву технология, хусусан технологияҳои иттилоотӣ босуръат пеш мераванд, наврасону ҷавонон вазифадоранд, ки барои пешрафту тавсеа додани тафаккури техникии худ ҳамеша талош намоянд.

Бахусус, Норак, ки ҳамчун шаҳри саноативу нурофарон тамоми қаламрави кишварро бо нерӯи барқ таъмин мекунад, ба кадрҳои коргарӣ, саноатчиёну энергетикҳо ниёзи бештар дорад.

Аз ин рӯ, бояд ҷиҳати инкишоф додани тафаккури техникии хонандагон дар мактабҳои миёна таваҷҷуҳи махсус дода шавад.

Бо ин мақсад ба масъулини соҳаи маориф ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак зарур аст, ки ба таълими фанҳои дақиқ эътибори бештар дода, барои дар сатҳи зарурӣ азхуд намудани фанҳои мазкур чораҳои иловагӣ андешанд.

Дар идомаи тадбирҳои неку созанда ва корҳои анҷомёфта фаромӯш набояд кард, ки мо дар давраи омодагӣ ба ҷашни 25 — солагии истиқлолияти давлатӣ қарор дорем.

Итминон дорам, ки кормандони соҳаи маориф ва умуман кулли сокинони шаҳри Норак бо шукронаи соҳибдавлативу соҳибватанӣ ба хотири истиқболи сазовори ин ҷашни бузурги миллиамон ва таҳкими пояҳои давлатдориамон бо кору фаъолияти софдилонаву ватандӯстонаи худ, хусусан дар самти густариши корҳои ободонӣ ва ободу зебо гардонидани шаҳр ва дигар маҳалҳои аҳолинишини он саҳми муносиб мегузоранд.

Бори дигар ҳамаи сокинони бонангу номус ва заҳматкашу ободгари шаҳри нурбахшу нурофари Норакро ба муносибати ифтитоҳи мактабҳои наву замонавӣ табрик гуфта, ба устодону омӯзгорон дар тарбияи шогирдони бедордилу соҳибмаърифат, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия барори кор ва ба шогирдони муассисаҳои таълимӣ хушбахтиву таҳсили хубу аъло орзу менамоям.

Ҳамеша тансиҳат ва хонаободу сарбаланд бошед!

Апрель 27, 2016 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои анҷомёфта дар ободонию навсозии хиёбони Исмоили Сомонӣ ва пули мошингард дар болои дарёи Душанбе шинос шуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Прокуратураи ноҳияи Синоро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистонро баъди навсозӣ ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти судӣ мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди бинои нави Кумитаи андоз санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамдардии Пешвои миллат бинобар даргузашти Низорамо Зарипова
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид