Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 04.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 4 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти Давлати Қатар шаҳри Давҳа дар ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки некуаҳволии иҷтимоӣ заминаи муҳимми таҳкими сулҳу суботи фарогир ва рушди устувор мебошад.
Таъкид гардид, ки қабул ва татбиқи Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 идомаи талошҳои кишвари мо дар ин ҷода мебошад.
Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ҳоло дар Тоҷикистон 8 барномаи давлатӣ ва 3 стратегияи дарозмуддат дар соҳаи маориф татбиқ шуда истодааст, ки ин ҳам барои рушди соҳаи иҷтимоӣ аҳамияти калидӣ дорад.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини фаъолияти босамари муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ мунтазам тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар заминаи татбиқи барномаву стратегияҳои қабулшуда, ки бо Ҳадафҳои Рушди Устувор ҳамоҳанг мебошанд, кишвари мо ба таҳкими сармояи инсонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Изҳор гардид, ки дар Тоҷикистон тайи 2 даҳсолаи охир дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоиву иқтисодӣ беш аз 4 миллион ҷойи корӣ таъсис ва барқарор гардидааст.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, оид ба ҳамбастагии рушди иҷтимоӣ ва устувории муҳити зист дар Тоҷикистон андешаронӣ намуданд.
Гуфта шуд, ки кишвари мо бо мақсади таъмини некуаҳволии мардум дар самти муқовимат ба тағйирёбии иқлим пайваста чораҷӯӣ менамояд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки “мо зарурати андешидани чораҳои ҷиддиро барои беҳтар намудани дастрасии кишварҳои осебпазир ба манбаъҳои молиявӣ ва таъмини маблағгузории устувор, алалхусус барои хизматрасониҳои иҷтимоӣ, таҳкими сармояи инсонӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим таъкид менамоем”.
Сарвари давлати мо доир ба масоили гузариш ба иқтисоди “сабз” ва энергияи “сабз”, ба истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои мухталифи Тоҷикистон низ андешаронӣ намуданд.
Зимнан, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қабули Қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милал зери унвони “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ” бо ибтикори Тоҷикистон ёдовар шуданд. Таъкид гардид, ки қатъномаи мазкур метавонад дар дастрасӣ ба Ҳадафҳои Рушди Устувор дар минтақаи мо нақши муассир дошта бошад.
Дар фароварди сухан Сарвари давлати мо зарур донистанд, ки бо муттаҳид намудани талошҳо шароити одилонаи рушди иҷтимоӣ барои ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва кулли мардумони ҷаҳон фароҳам оварда шавад. Таъкид намуданд, ки ба рушди иҷтимоӣ ҳамчун яке аз бахшҳои калидии Ҳадафҳои Рушди Устувор якдилона ва бо иродаи муштарак таваҷҷуҳи хос бояд зоҳир гардад.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон






