Суиистифодаи ҷангалбон аз мақоми хизматӣ
Душанбе, 29.04.2016./АМИТ«Ховар»/. Мақомоти прокуратура ҳолати иҷрои қонунгузории ҷангалро дар шаҳри Ҳисор мавриди санҷиш қарор дод. Дар натиҷаи санҷиш муайян гардид, ки А.К. Бобокалонов, ҷангалбони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Ҳисор бо суиистифода аз мақоми хизматӣ моҳи ноябри соли 2015 худсарона ду адад дарахти дар сабзиш қарордоштаи навъи акатсияро, ки дар ҷангалзори минтақаи Алмосӣ ҷойгир буд, ғайриқонунӣ бурида, ба хоҷагии ҷангал 1560 сомонӣ зарар расонидааст.
Аз рӯи ин ҳолат нисбат ба А. К. Бобокалонов бо моддаи 234, қисми 2, банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Дар ин бора аз Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






