Таҳдидҳои ҷадиди Афғонистонро набояд нодида гирифт

Апрель 11, 2016 18:06

Душанбе, 11.04.2016./АМИТ «Ховар/. «Таҳдиду хатарҳои нави Афғонистонро ба амният ва суботи кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистон, ки бо Афғонистон ҳаммарз аст, набояд нодида гирифт, зеро ин кишвар ба майдони бозиҳои бузурги сиёсии абарқудратҳои ҷаҳон табдил гардида, хатарҳои навро ба миён меорад». Ин матлаб дар ҷараёни конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ, ки 11 апрел дар Душанбе таҳти унвони «Афғонистони муосир: таҳдиду хатарҳои нав» бо ҳузури намояндагони вазорату идораҳои кишвар ва коршиносони масоили сиёсӣ доир гардид, зикр шуд.
Худобердӣ Холиқназар, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти кишвар доир ба равандҳои ҷадид дар ҷуғрофиёи сиёсии /геополитикаи/ Афғонистон ибрози назар намуда, гуфт, ки шурӯъ аз соли 2009 дар геополитикаи Афғонистон равандҳои нав пайдо шуданд. Дар ин самт ду кишвари абарқудрати ҷаҳон — Амрико ва Чин пешсаф буда, дар Афғонистон нуфузи бештар доранд. Ба имзо расонидани «Созишномаи шарикии стратегӣ байни Амрико ва Афғонистон» ва байни Чину Афғонистон дар соли 2012 мавқеи ин ду давлати бузурги ҷаҳонро дар Афғонистон боз ҳам таҳким бахшид.
Таъкид шуд, ки тибқи Созишномаи шарикии стратегии ба имзо расонидаи сарони кишварҳои Амрико ва Афғонистон, амрикоиҳо уҳдадор гардиданд, ки бештар амнияти Афғонистонро таъмин намоянд ва дар самти омода намудани мутахассисони низомӣ ва неруҳои амниятии Афғонистон саҳм гузоранд. Дар ин росто Амрико дар соли 2014 нияти комилан тарк намудани хоки Афғонистонро аз сар гирифт ва чандин пойгоҳҳои низомии худро дар Афғонистон мустақар намуд, ки гӯё барои амнияти Афғонистон хизмат менамоянд. Аммо шурӯъ аз соли 2014 авзои сиёсию амниятӣ дар Афғонистон печидатар гардида, фаъолияти гурӯҳҳои террористию эктремистӣ дар ин кишвар авҷ гирифт ва гурӯҳҳои нави террористӣ зуҳур намуданд, ки пайдо шудани размандагони гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломии Ироқу Шом» (ДОИШ) аз ҳамин қабил аст. Дар пасманзари ноамнтар гардидани авзои амниятии Афғонистон дасти қавие мавҷуд аст, зеро фаъолтар гардидани гурӯҳҳои террористӣ дар ин кишвар бидуни пуштибонӣ ва дасти устувор ғайриимкон аст.
Дар конфронс зикр шуд, ки роҳи ҳалли қазияи Афғонистон низомӣ набуда, балки сиёсию дипломатист. Таъкид гардид, ки зуҳури таҳдидҳои нав дар Афғонистон ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистон, ки бо Афғонистон дорои марзи муштарак аст, бетаъсир буда наметавонад. То ҷое мусаллам аст, Тоҷикистон яке аз шарикони стратегии Русия маҳсуб шуда, дар доираи ҳамкорӣ ва узвияташ дар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ҳамеша барои ҳифзи марзу бум ва таъмини амнияту суботи минтақа саъю талош варзида, хостори ҳамешагии суботу амният дар ҳамсоякишвари худ -Афғонистон аст.

Апрель 11, 2016 18:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мегардад
«Қиссаҳои Шераки Ориён» аз чоп баромад
5 август дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мешавад
Дар Вена масоили густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Австрия оид ба рушд баррасӣ шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир мегардад
Дар шаҳри Душанбе ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
4 август дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир мегардад
Дар Остона ҷаласаи намояндагони аршади Саммити Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея баргузор гардид