Таъмини ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ — дар мадди аввал

Апрель 14, 2016 11:59

Душанбе, 14.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Роҳҳои сари вақт расонидани маҳсулоти хӯрокворӣ ва дигар амволи зарурӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ вобаста ба таъминоти ҷузъу томҳо зимни ҷаласа дар Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуд. Дар он инчунин масоили вобаста ба таъмини сохторҳои қудратии мамлакат бо маводи хӯрокворӣ, сару либоси низомӣ, пойафзолу дигар амволи шайъӣ таҳлил гардид.
Масъалаҳои таъмини ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бо маводи хӯрокворӣ, сару либоси низомӣ, пойафзол, таъминоти сӯзишвориву равғанҳои молиданӣ ва дигар амволи шайъӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти олии кишвар қарор дошта, барои татбиқи амалии он аз ҷониби масъулини Агентии таъминоти амволи махсус корҳои зиёде амалӣ карда мешаванд.
Дар ҷаласа нахуст дастуру супоришҳои Асогузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоџикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати таъмини қисмҳои низомӣ, бахусус наваскарон бо тамоми шароити рӯзмарра баррасӣ гардида, барои амалӣ намудани он қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, барои таъмини ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бо маҳсулоти хӯрокворӣ ва дигар амволи мавриди ниёзи аввал Агентӣ тамоми тадбирҳоро меандешад.

Апрель 14, 2016 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд