Тамоюли коҳиши қонуншиканиҳо аз сӯи хориҷиҳо

Апрель 25, 2016 11:42

Душанбе, 25.04.2016./АМИТ «Ховар»/. Наздики 170 ҳолати ҳуқуқвайронкунии гумрукӣ  дар зарфи се моҳи соли равон аз ҷониби кормандони  Раёсати минтақавии  гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода ба қайд гирифта шудааст.
Дафтари  матбуоти Хадамоти гумруки кишвар итттилоъ медиҳад, ки дар натиҷаи баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 169 нафар шахсони воқеӣ  бо сабаби саркашӣ ҳангоми   гузаштан аз муоинаи гумрукӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд, ки беш аз 30 нафари онҳоро  шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, назири  Туркия, Узбекистон, Эрон,  Қазоқистон ва Русия ташкил медиҳанд. Бояд тазаккур дод, ки тамоюли қонуншиканиҳо аз ҷониби  шаҳрвандони кишварҳои  хориҷӣ ҳангоми убури  сарҳади гумрукӣ рӯ ба коҳиш овардааст. Ин омор дар соли 2015 беш аз  80 ададро ташкил дода буд.
Инчунин дар ин давра аз ҷониби  кормандони  Раёсати минтақавии  гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода беш аз 350 ҳазор сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ рӯёнида шуда, ба буҷаи кишвар пардохт гардидаанд.

Апрель 25, 2016 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид