Тарбия пешбарандаи ҷомеаи инсонӣ аст

Апрель 28, 2016 08:24

Душанбе, 28.04.2016. / АМИТ «Ховар»/. Арзишҳои  волои фарҳанги миллӣ ва дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бояд пайваста мавриди муаррифӣ ва тарғибу ташвиқ қарор дода шаванд. Ба ин восита метавон ба  тарбияи ҳисси худшиносию ватандӯстии мардум, хусусан ҷавонону наврасон ва таҳкими ваҳдату ягонагӣ, дӯстиву бародарӣ ва сулҳу субот мусоидати фаъол кард. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ борҳо таъкид доштанд, ки  аҳли маориф, падару модарон, зиёиёну фаъолон ва шахсони калонсолу обрӯмандро зарур аст, ки бо истифода аз шароити фароҳамовардаи Давлату Ҳукумати мамлакат ба масъалаи таълиму тарбияи фарзандон муносибати ҷиддӣ намоянд ва кӯшиш кунанд, ки кӯдакони имрӯза ҳамчун насли босаводу соҳибмаърифат, забондону донишманд, соҳиби касбу ҳунарҳои замонавӣ ва умуман чун насли ояндасозу ободгар ба воя расанд.
Мафҳуми «тарбия»-ро Насимҷон Ойев, декани факултаи хизмати молиявии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат чунин маънидод кард: «Зери мафҳуми «тарбия»  ҷараёни  таҳвилёбии донишу  таҷрибаи    андӯхтаи  калонсолон  ба  насли  баъдӣ  фаҳмида мешавад.  Пас,   яқин  аст,  ки  рушду  густариши  ҳар  ҷомеа  бидуни татбиқи ин  раванд  имконнопазир  аст.  Аз ин  ҷо  маълум  мегардад,  ки  тарбия пешбарандаи  ҷомеаи  инсонӣ    буда,  дар  он  тарбияи  ҳуқуқӣ  низ  нақши басо арзанда дорад».
Ассистенти  кафедраи молия ва андозбандии ин донишкада Муродалӣ  Имомов зери мафҳуми  «тарбияи  ҳуқуқӣ»  ба  роҳ  мондани  муносибатҳои иқтисодию  иҷтимоӣ  ва  ахлоқиву  тарбиявии  ҷамъиятро дар асоси риояи  санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ маънидод кард.
«Зимни ба роҳ мондани ҳар гуна фаъолият  доштани    донишҳои  хуқуқии  соҳавӣ  ба  шахс  хеле зарур аст, зеро бе донистани паҳлӯҳои  ҳуқуқии  фаъолият,  кор  дар  ин  самт душвор гардида, шахсро ба нокомиҳои зиёде оварда мерасонад. Тавре  ки мебинем, Пешвои  миллат,  Эмомалӣ  Раҳмон  дар  ҳар  як  баромади  хеш ба  ҷавонон таъкид месозанд, ки ҳушёриву зиракии сиёсии худро аз даст надиҳем, илм омӯзему  маърифат  аз  худ  кунем,  то  ки  дар  оянда  пешбарандаи  миллату давлати  худ  гардем»,-баён дошт Муродалӣ  Имомов.
Барои  сазовор  будан  ба  ин таъкидҳо,  мебояд  ҳар  як ҷавони  имрӯза  дар  баробари  аз  бар  намудани  донишҳои  соҳавию касбӣ,  инчунин  ба  донишҳои  ҳуқуқию  забономӯзӣ  низ  рағбати  зиёд дошта  бошад.
«Бояд ҳар як ҷавони  замони муосир  аз оромӣ  ва  рушди  кишвар  шукр карда,  аз  ин  неъмати  бебаҳо баҳри  ояндаи худ истифода намояд. Кори  аз  ҳама  манфиатнок  ба ҷавонон  ин  омӯхтани  донишу  ҳунар  мебошад, зеро  ҷавони  босаводро ҷамъият ҳамеша мепазирад ва қадр мекунад»,-ибрози андеша намуд Н.Ойев.
Бино ба гуфтаи устоди донишкада, дар давлатҳои  тараққикарда,  шахсони  сармоядор  маблағҳои  худро бештар  барои  рушди  сармояи  инсонӣ  сарф мекунанд.
«Шахси  босавод дар бозори меҳнат доим  харидори зиёд дорад. Бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки  тарбияи  ҳуқуқӣ ҳампаймони  рушди  ҳуқуқӣ  буда,  сар аз даврони  қадим  то  кунун марҳилаҳои зиёди таърихиро сипарӣ кардааст. Имрӯзҳо дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  низ мардум барои гирифтани донишҳои  ҳуқуқӣ,  ҳуқуқӣ-иқтисодӣ,  ҳуқуқӣ-тарбиявӣ,  ҳуқуқӣ-молиявӣ ва ғайраҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Дар сатҳи  зарурӣ  омӯзонидани  донишҳои  ҳуқуқӣ  ба  толибилмону донишҷӯён,  коргарону  соҳибкорон  кори  басо  манфиатнок  буда,  бо боварӣ  гуфта  метавонем,  ки  бо таъсири он  иқтисодиёти  кишвар  боз  ҳам пеш хоҳад рафт»,- баён дошт М.Имомов.

Л.Қосимова

Апрель 28, 2016 08:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мегардад
«Қиссаҳои Шераки Ориён» аз чоп баромад
5 август дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мешавад
Дар Вена масоили густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Австрия оид ба рушд баррасӣ шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир мегардад
Дар шаҳри Душанбе ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
4 август дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир мегардад
Дар Остона ҷаласаи намояндагони аршади Саммити Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея баргузор гардид