Ташкили 64 участкаи раъйдиҳӣ дар ҳавзаи Хуҷанд №26
Хуҷанд, 29.04.2016. /АМИТ Ховар/. То замони баргузории раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон камтар аз як моҳ боқӣ мондааст. Ҳоло дар ҳавзаву участкаҳои раъйпурсӣ дар тамоми миқёси кишвар, аз ҷумла дар маркази Суғд- шаҳри Хуҷанд корҳои омодагӣ барои дар сатҳи баланд гузаронидани ин маъракаи муҳим дар марҳилаи анҷомёбианд.
Тавре ки масъулин аз комиссияи раъйпурсии шаҳри Хуҷанд ба АМИТ Ховар иттилоъ доданд, барои баргузории муташаккилонаи раъйпурсии умумихалқӣ, ки 22 майи соли равон баргузор мегардад, дар шаҳри Хуҷанд як ҳавзаи овоздиҳии умумии Хуҷанд № 26 ва 64 участкаи раъйдиҳӣ ташкил шудаанд, ки ҳамаи онҳо фаъолияти пурра доранд.
То имрӯз ба ҳар як участкаи раъйдиҳӣ маводи дастурдиҳӣ тақсим карда шуда, бо иштироки кормандони ин участкаҳо машваратҳо гузаронида шуданд.
Мувофиқи маълумоти манбаъ,ҳоло дар маркази вилоят 102 ҳазору 811 нафар шаҳрвандони овоздиҳанда ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 2.504 нафар бори аввал дар чунин маъракаи сиёсӣ ширкат хоҳанд кард ва 6200 нафар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






