Ташрифи намояндагони макотиби олии Русия ба Суғд
Хуҷанд, 4.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар вилояти Суғд панҷумин ярмарка-намоиши байналмилалии «Таҳсилоти русиягӣ. Душанбе-2016» оғоз гардид.
Дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони 11 мактаби олии Федератсияи Русия, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии тиббии Олтой, Донишгоҳи давлатии Мари, Донишгоҳи федералии Шарқи Дур, Донишгоҳи давлатии авиатехникии Уфа, Донишгоҳи давлатии федералии Кавкази Шимолӣ, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқи Уралск, Донишгоҳи давлатии аграрии Дон, Донишгоҳи давлатии Қазон, Донишкадаи технологии саноати хӯроквории Кемерово, Донишгоҳи давлатии архитектура ва сохтмони Санкт-Петербург ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Дар назар аст, ки муддати якчанд рӯз намояндагони донишгоҳҳои олии Федератсияи Русия бо хатмкунандагон вохӯрҳо доир намуда, таълимгоҳҳои худро муаррифӣ намоянд ва баъдан бо ташкил намудани олимпиада беҳтаринҳоро барои таҳсил ба Федератсияи Русия даъват намоянд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






