Татбиқи Барномаи бахши ислоҳоти кишоварзии кишвар
Душанбе, 01.04.2016.(АМИТ «Ховар»). Ҷараёни иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати татбиқи «Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» дар ҷараёни муҳокимаи парлумонӣ имрӯз дар палатаи поёнии Парлумони кишвар баррасӣ шуд.
Абдуҷаббор Азизӣ, муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагон иброз дошт, ки Тоҷикистон дар самти таъмини амнияти озуқавории мамлакат, ки яке аз се ҳадафи стратегии кишварамон маҳсуб мешавад, тадбирҳои судманд меандешад. Қабули «Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» аз ҳамин қабил аст. Зикр шуд, ки дар радифи амалӣ гардидани як зумра чорабиниҳои нақшаи барномаи мазкур мушкилот ҳам ҷой дорад. Таъкид гардид, ки ҳалли масъалаи нобаробарҳуқуқии андозбандии зироат, таъсиси низоми миллии суғуртаи соҳа, таҳияи механизми баҳодиҳии иқтисодии замин ва бозори амволи ғайриманқул, таъсиси Хадамот оид ба дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ дар сатҳи миллӣ ва ҷамоату ноҳияҳо, баланд бардоштани нақши зан дар идораи кишоварзӣ, маблағгузории ташкил ва барқароркунии яхдону сардхонаҳо беҳбудиро металабад.
Бояд тазаккур дод, ки «Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» фарогири самтҳои стратегӣ ва усулҳои таъмини рушди устувори соҳа буда, татбиқи он ба зиммаи вазорату идораҳои соҳавӣ ва сохторҳои марбута вогузор шудааст. Нақшаи чорабиниҳои барномаи мазкур аз 22 банд ва 70 номгӯй тадбирҳо иборат мебошад. Бо мақсади татбиқи барномаҳои рушди кишоварзӣ бобати таъмини бехатарии озуқаворӣ дар солҳои 2012-2015 аз ҳисоби Буҷети ҷумҳуриявӣ 73,8 миллион сомонӣ равона шудааст. Ҳамзамон барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва ислоҳоти бахши кишоварзӣ тибқи Буҷети давлатии соли 2016 барои татбиқи барномаҳои соҳаи кишоварзӣ беш аз 18 миллион сомонӣ, аз ҷумла барои аз тариқи лизинг харидорӣ намудани техникаи кишоварзӣ 15 миллион сомонӣ, тадбирҳои эпизоотӣ 2,5 миллион сомонӣ ва барои дигар чорабиниҳо 1,5 миллион сомонӣ равона мешавад.
Дар муҳокимаи парлумонӣ ҳамзамон вазири кишоварзии мамлакат Иззатуло Сатторӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон доир ба татбиқи «Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» гузориш дода, пешниҳодҳои ҷолиб иброз доштанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






