Таваллуди сегоник дар ноҳияи Ҷ. Балхӣ
Душанбе, 18.04.2016 /АМИТ «Ховар/. Сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Гулистон Мирхӯҷаеваи 32 сола, истиқоматкунандаи деҳаи Лоҳутии ҷамоати деҳоти «Туғаланг» 28-уми феврали соли равон дар зоишгоҳи беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Қурғонтеппа сегоник ба дунё овард.
Ба тифлакон Фотима, Зуҳро ва Тоҳир ном гузоштанд. Гулистон мегӯяд, ки ин таваллуди сеюми ӯ буда, фарзанди калониаш писар ва дуюмаш духтар мебошад.
Ба гуфтаи духтурон, вазъи саломатии навзодон каме вазнин буд, аз ин хотир як муддат зери назорати духтурон қарор доштанд. Ҳоло вазъи саломатии модару фарзандонаш хуб арзёбӣ мешавад.
14 апрел ҳангоми аз таваллудхона рухсат шудани Гулистон Мирхӯҷаева ба тифлакон аз ҷониби бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ шаҳодатномаи таваллуд, се адад аробачаи кӯдакона ва аз ҷониби раёсати ҷамоати деҳоти «Туғаланг» либосҳои нарми кӯдакона тақдим карда шуданд. Ҳамчунин аз ҷониби беморхонаи марказии ноҳия барои нигоҳубини сегоникҳо як нафар ҳамшираи шафқат вобаста карда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки тавлиди сегоникҳо дар ноҳияи Ҷ. Балхӣ бори охир се сол қабл ба қайд гирифта шуда буд. Сокини ҷамоати деҳоти «Навобод» Гулҷаҳон Хайруллоева 23-юми марти соли 2013 сегоник (се духтарча) таваллуд карда буд.








Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид






