Телевизион ва радио аз тарғибгарони асосии меъёрҳои забони адабӣ мебошанд

Апрель 6, 2016 15:55

Душанбе, 6.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар мулоқотҳое, ки кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони шабакаҳои телевизион ва радио баргузор намуданд, оид ба татбиқи муқарароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» риояи талаботи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, корбурди дурусти истилоҳоти соҳавӣ, рисолати таърихии забони тоҷикӣ ва арҷгузорӣ ба забони давлатӣ сухан рафта, камбудиҳои рўзноманигорон, ровиён ва наттоқону барандагони барномаҳо оид ба гуфтори ғалат, риоя нагардидани савтиёти овози тоҷикӣ, истифодаи калимаҳои ғалат дар забони радиову телевизион, навиштаҷоти ғайримеъёрӣ дар матни эълону рекламаҳо ва сатрҳои равони телевизионӣ мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Дар асоси таҳлилҳои пайвастаи мутахассисони Кумита оид ба забони барномаҳои шабакаҳои телевизионӣ ва нутқи ровиёну барандагони барномаҳои телевизионии «Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон», МД «Телевизиони Сафина», МД «Ҷаҳоннамо», МД «Телевизиони кӯдакону наврасон- Баҳористон», Радиои Тоҷикистон ва чор шабакаи он, инчунин, таҳлилу баррасии матну забони рекламаву навиштаҷоти сатрҳои равон дар ин шабакаҳо ва бо дарназардошти хулосаи онҳо дар ин мулоқотҳо барои минбаъд поку беолоиш ва тоза нигоҳ доштани забони гуфтор тавсияҳои Кумита, аз ҷумла ба роҳ мондани омўзиши забони давлатӣ ва қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, назорати ҷиддии забони филмҳои тарҷумашуда, назорати мунтазами забони барномаҳо,назорати суханварӣ ва нутқи ровиён ва наттоқон, тарғиб ва ташвиқи забони давлатӣ тавассути силсилаи барномаҳо ва роликҳо, риояи дурусти талаботи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар сатрҳои равон, таблиғи мунтазами татбиқи масъалаҳои ҳалталаби “Нақшаи Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016”, назорати ҷиддӣ ва дар доираи меъёри забони адабӣ таҳия ва сабт намудани мусоҳибаҳо, таҳия ва татбиқи нақшаи чорабинии ҳамкорӣ байни Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Кумита бо мақсади арҷгузорӣ ба забони давлатӣ ва дуруст ба роҳ мондани сиёсати давлатии забон дар кишвар масъулони ВАО-ро дар рафти мулоқотҳо таъкид намуд, ки тарғибгари асосии забони адабии меъёр воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла, кормандони телевизион ва радио маҳсуб меёбанд.
Дар анҷом аз ҷониби намояндагони Кумита ба кормандони шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ иттилоъ дода шуд, ки барои риоя нагардидани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тибқи моддаи 89-и Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ муқаррар карда шудааст.
Дар ин бора масъули Хадамоти ВАО-и Кумитаи забон ва истилоҳот Раҳим Зулфониён ба хабарнигори АМИТ “Ховар” хабар дод.

Апрель 6, 2016 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд