Тоҷикистон ва Беларус ҳамкориҳоро таҳким мебахшанд

Апрель 6, 2016 13:54

Душанбе, 6.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. 5 апрели соли 2016 мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшариф Ҳақдод бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон О. Иванов баргузор гашт.
Дар рафти мулоқот, ҷонибҳо доираи васеи ҳамкориҳои тарафайнро, аз қабили масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба миёни Тоҷикистон ва Беларус, аз ҷумла дар самтҳои ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, илму фарҳанг, робитаҳои байнипарлумонӣ мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар ин замина ҷонибҳо доир ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ, хусусан оид ба вазъи Афғонистон ва роҷеъ ба дигар масъалаҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.
Ҳавасмандии ҷонибҳо перомуни таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳор гардид.

Апрель 6, 2016 13:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд