Тоҷикистону Фаластин муносибатҳои дуҷонибаи гуногунҷабҳаро баррасӣ намуданд

Апрель 19, 2016 08:49

Душанбе, 19.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ 18 апрел Сафири Фавқулода ва Мухтори Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Таршаҳониро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни суҳбат ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, кишоварзӣ, саёҳат, маориф ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Атрофи масъалаҳои мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ ва тавсеаи ҳамкорӣ дар ҳошияи СММ, СҲИ ва созмонҳои дигари байналмилалию минтақавӣ табодули назар сурат гирифт.

Апрель 19, 2016 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид