«Тоҷикстандарт»: Воридоти беш аз 770 тонна маҳсулоти ғайристандартӣ дар се моҳ

Апрель 18, 2016 15:48

Душанбе, 18.04.2016/АМИТ Ховар/. Агентии «Тоҷикстандарт» аз воридоти беш аз 770 тонна маҳсулоти ғизоии ғайристандартӣ дар зарфи се моҳи соли равон ба кишвар иттилоъ медиҳад. Аз ин омор беш аз 96 тонна маҳсулоти гӯштӣ, 155 тонна равғани растанӣ, 826 кг маҳсулоти макаронӣ, 500 кг маҳсулоти ширӣ, зиёда аз 2 тонна консерваҳо, 87 тонна чой, қаҳва ва какао, 23 тонна иловагиҳои ғизоӣ, беш аз 7 тонна меваю сабзавот, зиёда аз 30 тона маҳсулоти қаннодӣ, беш аз 11 ҳазор дал /1 дал баробар ба 10 литр/ нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, 1073 дал нӯшокиҳои спиртӣ мебошанд, ки ба талаботи низомномаҳои техникӣ ҷавобгӯ набуданд. Омори воридоти маҳсулоти ғизоии ғайристандартӣ ба кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзоиш ёфта, он аз тақвияти низомномаҳои техникӣ дар самти ҳимояи бозори истеъмолӣ шаҳодат медиҳад.
Ҳамзамон мақомоти «Тоҷикстандарт» бо мақсади ҳимояи бозори истеъмолӣ аз воридоти маҳсулоти пастсифату хатарнок ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон тибқи талаботи қонунгузории соҳа ва санадҳои меъёрию техникӣ тадбирҳои мушаххас андешида, назоратро дар ин самт тақвият мебахшад.
Аз Агентии «Тоҷикстандарт» ба АМИТ Ховар иттилоъ доданд, ки дар ин замина дар бозору нуқтаҳои савдо ва ҳамзамон нуқтаҳои гумрукӣ назорати ҷиддӣ ба роҳ монда шуда, дар ҳамкорӣ бо мақомоти қудратӣ- Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷишҳои муштарак гузаронида мешаванд.

Апрель 18, 2016 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид