Ҳунарҳои мардумӣ рушд меёбанд
Душанбе,19.04.2016/АМИТ«Ховар»/. Тибқи маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рушди қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади ҳарчи бештар ҷалб намудани шаҳрвандон, асосан занону духтарони хонашин ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили «Қолинбофӣ», «Қуроқдӯзӣ», «Бофандагӣ», «Гулдӯзӣ», «Дӯзандагӣ», «Сӯзанидӯзӣ», «Зардӯзӣ», «Адрасбофӣ», «Ҷомадӯзӣ», «Бофандаи маҳсулоти пашмин», «Кешбофӣ», «Сабадбофӣ» ва «Тоқидӯзӣ» то имрӯз 302 маркази таълимӣ- истеҳсолӣ дар 57 шаҳру ноҳияҳои кишвар ташкил гардида, дар онҳо 8020 нафар шаҳрвандон ҷалб гардидаанд. Аз ҷумла, дар вилоятҳои Суғд 247 адад, Хатлон 25 адад, шаҳри Душанбе ва НТҶ 23 адад ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 7 адад чунин марказҳои таълимию истеҳсолӣ фаъолият доранд.
Дар вилояти Суғд дар ин марказҳои таълимию истеҳсолӣ то ҷамъбасти семоҳаи соли равон 7331 метр адрасу атласи дастбоф истеҳсол шуда, 2295 метри ин намуди маҳсулот ба фурӯш рафтааст.
Дар бинои Маҷмааи «Наврӯзгоҳ»- и шаҳри Душанбе 3 дастгоҳ роҳандозӣ шудааст, ки дар давраи мазкур зиёда аз 370 метр адрас истеҳсол гардида, бо нархҳои дастрас (як метри он аз 13 то 15 сомонӣ) ба фурӯш мераванд.
Дар вилояти Хатлон дар бахши қолинбофии дастӣ 286 нафар, зардӯзӣ 203, гулдӯзӣ 293, қуроқдӯзӣ 194, бофандагӣ 238 ва дӯзандагӣ 1938 нафар занону духтарон ҷалб гардида, қолинбофӣ асосан дар ноҳияҳои Шаҳритус, Қубодиён, Дӯстӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Носири Хусрав, Ховалинг, Ёвон ва шаҳри Норак рушд ёфтааст.
Дар ноҳияи Лахш фаъолияти марказҳои таълимию истеҳсолӣ оид ба қолинбофии дастӣ, ҷӯроббофӣ, попӯшҳои хонагӣ, армуғону ҷузвдонҳо ва қолинчаҳо барои курсӣ аз ашёи хоми маҳаллӣ- пашми чорвои шохдори майда хеле хуб ба роҳ монда шудааст.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






