Ҳунармандони Ҳиндустон ба Тоҷикистон меоянд

Апрель 14, 2016 16:15

Душанбе, 14.04.2016/АМИТ «Ховар»/. 20 апрел дар Душанбе- пойтахти Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҳиндустон оғоз мегарданд. Дар ин росто 19 апрел ҳайати 40- нафараи ҳунармандони Ҳинд бо мақсади иштирок дар баргузории ин чорабинии фарҳангӣ озими Душанбе мегардад. Театри давлатии академии опера ва балети ба номи устод Садриддин Айнӣ макони ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҳиндустон буда, дар ин ҷо шоми 20 апрел бо ҳузури роҳбарияти вазоратҳои фарҳанги ҳар ду кишвар ва ҳайати фарҳангиёни ҳиндӣ дар маросими ботантана Рӯзҳои фарҳанги Ҳиндустон оғоз мегардад.
Дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҳиндустон дар Тоҷикистон ҳунармандону ромишгарони ҳиндӣ аз марказҳои фарҳангии кишвари мо, назири Осорхонаи бостоншиносии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуда, бо фарҳангу тамаддуни тоҷикон шинос мегарданд. Инчунин ҳайати фарҳангиёни Ҳиндустон ба шаҳрҳои бостонӣ ва сайёҳии Ҳисор ва Норак ташриф оварда, Қалъаи Ҳисор ва Неругоҳи барқи обии Норакро тамошо намуда, аз расми меҳмонпазирии тоҷикона бархурдор мегарданд. Ҳамзамон ҳайати ҳунармандони ҳиндӣ дар Варзишгоҳи марказӣ ё Қасри фарҳанги шаҳрҳои Ҳисор ва Норак /вобаста ба вазъи ҳаво/ барномаи ҷолиби консертиро пешкаши дӯстдорону мухлисони созу наво ва рақсу сурудҳои ҳиндӣ мегардонанд.
Ҳайати ҳунармандони Ҳиндустон ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи устод Мирзо Турсунзода ташриф оварда, бо барномаи консертӣ табъи устодону донишҷӯёни ин ду даргоҳи маърифатро болида хоҳанд кард.

Апрель 14, 2016 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд