Вакили МН моҳияти баргузории раъйпурсиро тавзеҳ дод
Душанбе, 28.04.2016/АМИТ «Ховар»/. Дар доираи мулоқоти вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо интихобкунандагон дар минтақаҳои кишвар Бахтовар Сафаров, вакили Маҷлиси намояндагон бо сокинони ҷамоати деҳоти «Киров»-и ноҳияи Вахш мулоқот намуд. Мавсуф роҷеъ ба моҳияти пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва раъйпурсии умумихалқӣ, ки 22-майи соли равон баргузор мегардад, маълумоти мукаммал дод.
Таъкид гардид, ки самти асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди устувори ҷомеа, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум нигаронида шудааст. То ҷое мусаллам аст, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуда буданд, ки : «Мо азму талош дорем, ки барои ҳар як сокини мамлакат шароити зиндагии шоистаро муҳайё созем ва ҳамаи нақшаву барномаҳоямон маҳз ба хотири амалӣ гардонидани ҳамин ҳадафи олӣ қабул ва амалӣ карда мешаванд».
Дар мулоқот бо сокинони ҷамоати «Киров»-и ноҳияи Вахш вакили палатаи поёнии Парлумони мамлакат зикр сохт, ки тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи кишвар воридшаванда ҷиҳати мусоидат ва амалӣ намудани ҳадафҳои пешгирифтаи созандаи роҳбарияти олии кишвар мусоидат менамоянд.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






