Вакилони шаҳрӣ номзад ба узвияти ММ МО ҶТ пешбарӣ менамоянд
Душанбе, 01.04.2016.(АМИТ «Ховар»).-Дар нимаи аввали моҳи апрел вакилони шаҳрӣ номзад ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази аъзои хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии шаҳри Душанбе №4-ро пешбарӣ менамоянд. Дар ин росто тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, ки ҳамзамон раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе мебошад, 14 апрели соли 2016 иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъват карда мешавад. Интизор меравад, ки вакилони маҷлиси шаҳрӣ масъалаҳои марбут ба иҷрои қарори раиси шаҳр доир ба омодагии пойтахт ба таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иваз намудани номи бархе маҳаллаю кӯчаҳои пойтахт, пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №14 ва ташкил намудани Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанберо баррасӣ намоянд.
Инчунин дар иҷлосия тасдиқи як силсила қарорҳои раиси шаҳри Душанбе дар назар аст.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






