Вазъи хизматрасонии нақлиёт дар пойтахт беҳбудӣ мехоҳад
Душанбе, 05.04.2016./АМИТ «Ховар»/. Сатҳу сифати хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ ба мусофирон дар Душанбе ба талаботи замон ҷавобгӯ нест. Масъалаи мазкур дар ҷаласаи шаҳрдорӣ, ки таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Бо назардошти баррасии гузориши Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба нақлиёт, коммуникатсия ва беҳдошти роҳҳо раиси шаҳр ба директори Муассисаи давлатии «Душанбенақлиётхадамотрасон» Абдулҳақ Алиев ва сардори Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар пойтахт Файзиддин Камолов охирин танбеҳ эълон намуда, барои ислоҳи вазъ ба онҳо як моҳ муҳлат дод.
Дастур дода шуд, ки тӯли як моҳ бо ҷорӣ намудани лисоби ҳатмии ронандагӣ ва роҳ надодан ба пахши мусиқиҳои гӯшхарош дар тамоми воситаҳои нақлиёти ҷамъиятии хизматрасон новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ, масъалаи бо хатсайрҳо фаро гирифтани ҳудудҳои аҳолинишинро ҳал намоянд. Муқаррар гардид, ки минбаъд дар ҳудуди пойтахт тағйирдиҳии хатсайр ва ё ташкили хатсайри нави нақлиёти ҷамъиятӣ бидуни қарори раиси шаҳри Душанбе манъ карда шавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






