ВКХ: вохӯрӣ бо роҳбари ҳайати ҳукуматии Амороти Муттаҳидаи Араб
Душанбе, 23.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. 22 апрел муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо роҳбари ҳайати ҳукуматии Амороти Муттаҳидаи Араб, муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар Холид Ғоним ал-Ғайс, ки барои иштирок дар ҷаласаи дуюми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, мулоқот кард.
Дар мулоқот ҷонибҳо роҳҳои тавсеаи ҳамкории дуҷонибаро дар партави татбиқи тавофуқҳое, ки дар ҳошияи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Амороти Муттаҳидаи Араб моҳи марти соли равон ҳосил шуданд, баррасӣ намуданд. Ҷиҳати иҷрои амалии ҳадафҳои Протоколи ҷаласаи дуюми Комиссияи байниҳукуматӣ бар аҳамияти таҳкими беш аз пеши робитаҳо байни вазорату идораҳо ва доираҳои алоқаманди ду кишвар таъкид гардид.
Ҳамчунин роҷеъ ба ҳамкории бисёрҷонибаи ду кишвар ва муборизаи муштарак бар зидди чолишҳои амнияти минтақа ва ҷаҳон табодули назар сурат гирифт.








Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






