Вохӯриҳо бо мақсади фаҳмондани воридсозии тағйиру иловаҳо ба Конститутсия дар ноҳияи Айнӣ

Апрель 19, 2016 09:21

Душанбе, 19.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқӣ- Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ бо ҷалби фаъолони ҳизб, собиқадорон, фаъолзанон ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо қишрҳои гуногуни ҷомеа вохӯриҳо доир менамояд.
Чунин вохӯриҳо то ба имрӯз дар ҷамоатҳои деҳоти Айнӣ ва деҳаҳои ҳудуди ҷамоати деҳоти Фондарё роҳандозӣ шуда, доир ба сабабҳои ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба ин санади муҳим корҳои фаҳмондадиҳӣ сурат гирифтанд.
Мулоқотҳои судманд дар дигар минтақаҳои ноҳияи мазкур идома доранд.

Апрель 19, 2016 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад