Вохӯрии Азим Иброҳим бо Сафири Франсия
Душанбе, 27.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. 25-уми апрел вохӯрии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Франсия Дидие Леруа ва ҳайати ширкати «Аэробус» баргузор гардид.
Зимни мулоқот масоили ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба ҷиҳати харидорӣ намудани тайёраҳои истеҳсоли ширкати «Аэробус» бо шарту шароитҳои муносиб барои ширкатҳои ватанӣ, бақайдгирии минбаъдаи онҳо, дар доираи имкониятҳои ширкат аз ҳисоби мутахассисони ҷавони маҳаллӣ омода намудани сарнишинон, ҳайати техникӣ, омӯзиши ҳавонавардон дар донишгоҳҳои авиатсионии Франсия, расонидани кумакҳои машваратӣ ба авиатсияи граждании Тоҷикистон ва таъмини бехатарии парвозҳо баррасӣ шуданд.
Зимни вохӯрӣ Сафири Франсия аз муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал овард, ки ҷиҳати оғоз намудани баррасии лоиҳаи Созишномаи байниҳукуматии Ҷумҳурии Франсия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба канорагирӣ аз ситонидани андозбандии дукарата бо мақсади роҳ ёфтани ширкатҳои ин ду кишвар ба бозори молу хизматрасонии ҳамдигар мусоидат намояд.
Ҳамчунин ҷониби Франсия пешниҳод намуд, ки бо мақсади содда гардонидани рафтуомади шаҳрвандони ҳарду кишвар ва иштироки бештари доираҳои соҳибкорон барои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд зарурати кушодани хатсайри мустақим аз Душанбе ба Париж тавассути Франкфурт ба миён омадааст.
Азим Иброҳим изҳор намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ омода аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






