Вохӯрии гурӯҳи корӣ оид ба уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СУС
Душанбе, 29.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мусоидати Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид таҳти роҳбарии муовини якуми вазир Саидраҳмон Назризода ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ ҷиҳати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилоти байналмилалӣ доир ба иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) бо иштироки васеи намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар доир гардид.
Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои вобаста ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи мутобиқгардонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар узвият дар Созмони умумиҷаҳонии савдо» дар самти тақвияти иқтидори хизматчиёни давлатӣ ва доираи расмии ҷумҳурӣ дар соҳаи сиёсати савдо, логистика ва СУС баррасӣ карда шуд.
Бояд зикр намуд, ки мақсади асосии қарори мазкур фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкории хурд ва миёна, ҷалби сармояи хориҷӣ, таҳкими ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба бо кишварҳои аъзои СУС, таъмини манфиатҳои узвият дар СУС барои доираи васеи соҳибкорӣ иборат мебошад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






