«Зӯроварии хонаводагӣ ва солимии репродуктивӣ» -машварат дар Варзоб

Апрель 19, 2016 12:00

Душанбе, 19.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Лигаи занони ҳуқуқшинос» дар ноҳияи Варзоб дар мавзуи «Зӯроварии хонаводагӣ ва солимии репродуктивӣ» бо ҷалби намояндагони бахши кор бо занон ва оила, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, шуъбаҳои Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, маориф, раисони ҷамоатҳо, шӯроҳои занон ва имомхатибони масҷидҳо машварат баргузор намуд.
Машварат аз рӯи «Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» роҳандозӣ гардида, зимни он қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон», Кодекси оила, санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки аз ҷониби Тоҷикистон эътироф шудаанд, аз қабили «Конвенсия оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон», ҳифзи ҳуқуқи кӯдак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иштирокдорони машварат саҳначаҳоро аз ҳаёти воқеӣ дар мавзӯи «Муносибати келину хушдоман», «Уҳдадориҳои мард дар барқарор намудани саломатии зан ҳангоми ҳомиладорӣ» ва филмҳои мустанадро оид ба зӯроварии хонаводагӣ тамошо намуда, дар масъалаҳои пешгирӣ намудани он, фазои солиму обод муҳайё сохтан дар оила, ба тарбияи фарзанд аҳамияти ҷиддӣ додан, дар ниҳоди аъзои оила бедор намудани ҳисси ватандӯстию созандагӣ мубодилаи афкор намуданд.

Апрель 19, 2016 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст