12 май дар ҷумҳурӣ Рӯзи «Шашмақом» ҷашн гирифта мешавад

Май 11, 2016 09:31

Душанбе, 11.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ба хотири эҳё ва рушду инкишофи санъати анъанавии миллии тоҷик ҳамасола 12 май дар ҷумҳурӣ Рӯзи «Шашмақом» ҷашн гирифта мешавад.
Ба иттилои Хуршед Низомов, сардори шуъбаи идоракунии корҳо ва назорати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мутахассисони соҳаи фарҳанг ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи тадбирҳо амалӣ гардиданд. Ба гуфтаи Хуршед Низомов, ҳоло феҳристи истилоҳоти «Шашмақом» пурра ба забони тоҷикӣ баргардон шуда, рӯзҳои наздик «Фарҳанги истилоҳоти «Шашмақом» рӯи чоп меояд ва ҳамчунин бахшида ба ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ шашҷилдаи нави «Шашмақом» аз чоп бароварда мешавад.
Гуфта мешавад, ки тибқи нақшаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тасдиқи барномаи «Рушди санъати «Шашмақом» ва «Фалак» соли 2018 баргузории Симпозиуми байналмиллалии «Шашмақом» ва «Фалак» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
Ба хотири дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи «Шашмақом» 11 май барномаи рангини фарҳангӣ дар Боғи «Ирам» ва 12 май барномаи консертӣ дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев дар назар дошта шудааст.

Май 11, 2016 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид