4 нафар корманди мақомоти корҳои дохилӣ ҷазои интизомӣ гирифтанд

Май 26, 2016 10:28

Душанбе, 26. 05. 16. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои  дохилии Тоҷикистон дар пайи  қазияи  Иди миллии мардуми Ҳиндустон «Ҳолӣ» нисбат ба 4 нафар корманди мақомоти корҳои дохилӣ ҷазои интизомӣ татбиқ намуд. Тавре ки  сомонаи расмии вазорати мазкур хабар медиҳад, 15 майи соли равон Ширкати «Дели — Дарбанд» дар ҳамкорӣ бо ҷамъияти «Динамо»-и ВКД чорабинии Иди миллии мардуми Ҳиндустон «Ҳоли»-ро дар майдони Спитамен гузаронида, пеш аз анҷом додани ин маҳфил рӯйю мӯй ва либосҳои ҷавононро ранг карда, намуди зоҳирии онҳоро даҳшатангез намуданд. Гарчанде кормандони милитсия, ки тартиботро назорат мекарданд, онҳоро огоҳ намуданд, ки бо чунин намуди зоҳирӣ дар кӯча ҳаракати оммавӣ накунанд.
Лекин баъди анҷоми маросими «Ҳолӣ» теъдоди 40-50 нафари наврасону ҷавонон бо сару рӯй ва либосҳои бетартибона рангкардашуда, дар ҳудуди театри «Лӯхтак», кӯчаи Бухорои хиёбони Рӯдакӣ ва атрофи он ҳаракат карда, ба қисмати роҳи нақлиётгард баромада, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуданд.
Чунин амалу рафтори ҷавонон боиси ноҷӯрӣ ва изтиробу ташвиши сокинон ва раҳгузарони шаҳри Душанбе гардид. Баъди муроҷиати зиёди шаҳрвандон оид ба гаштугузори ҷавонони шубҳанок 48 нафар, аз ҷумла 31 нафар ноболиғ ва 17 нафар ҷавон боздошт ва ба шуъбаи ВКД дар ноҳияи И. Сомонӣ дастрас карда шуданд.
Баъди тартиб додани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва суҳбат бо волидон онҳо ҷавоб дода шуданд.
Чораҷӯӣ ва амали кормандони милитсия тибқи талаботи қонун буда, пешгирӣ накардани чунин ҳолат метавонист боиси ноҷӯрӣ ва бетартибӣ гардад.
Бинобар дағалона рафтор намудани кормандони милитсия, баъди санҷиши хизматӣ аз ҷониби Раёсати амнияти дохилии ВКД нисбат ба 4 нафар корманди мақомоти корҳои дохилӣ ҷазои интизомӣ татбиқ карда шуд, аз ҷумла, 1 нафар аз вазифа озод ва се нафар танбеҳ ва танбеҳи қатъӣ гирифтанд.
Таҳкими суботу оромӣ, риояи талаботи қонун ва меъёрҳои ахлоқӣ асоси амнияту осоиштагӣ ва муҳити созгор дар ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар ин замина кормандони мақомоти корҳои дохилӣ талошу кӯшиш зиёд ба харҷ медиҳанд.

Май 26, 2016 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад