Ҳаҷми истеҳсоли гӯшт 4,1 фоиз зиёд шудааст

Май 28, 2016 10:26

Душанбе, 28.05.2016. /АМИТ «Ховар»/.  Дар моҳҳои январ-апрели соли 2016 ҳаҷми истеҳсоли гӯшт дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо 39 ҳазору 489 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 — 4,1 фоиз зиёд аст. Дар ҳамин давра истеҳсоли гӯшт дар хоҷагиҳои вилояти Суғд 7,5 %, вилояти Бадахшон 4,5%, Хатлон 4,1%, зиёд шудааст.
Ҳаҷми истеҳсоли гӯшт дар шаҳру ноҳияҳои Файзобод 15,9%, Роғун 14,7% ва Варзоб 5,6 фоиз кам шудааст.
Ҳаҷми умумии истеҳсоли шир дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар се моҳи авали соли равон 220822 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,3 фоиз зиёд мебошад.
Тибқи вазъи иҷтимоию иқтисодии ҶТ, истеҳсоли шир дар хоҷагиҳои вилояти Суғд 6,7 %,вилояти Бадахшон 6,2 %, вилояти Хатлон 3,4 фоиз афзудааст.
Ҳаҷми истеҳсоли шир дар шаҳру ноҳияҳои Варзоб 18,4 фоиз, Роғун 4,9 фоиз ва Файзобод 2,0 фоиз кам шудааст.
Таносуби шири истеҳсолкардаи хоҷагиҳои аҳолӣ дар ҳаҷми уммумӣ 93, 3 фоиз, дар вилоятҳои Бадахшон 99,7%, Хатлон 93,6 фоиз, Суғд 93,3 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 92,5 фоизро ташкил медиҳад.

Май 28, 2016 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад