А. Пешке: «Олмон Тоҷикистонро яке аз шарикони боэътимоди худ дар минтақа медонад»

Май 24, 2016 16:49

Душанбе, 24.05.2016./АМИТ «Ховар»/. Рушди ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Олмон дар меҳвари мулоқоти Олимҷон Салимзода- раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот ва Андреас Пешке — ваколатдори Вазорати корҳои хориҷии Олмон оид ба давлатҳои Аврупои Шарқӣ, Қавқоз ва Осиёи Марказӣ қарор дошт.
О.Салимзода иброз намуд, ки Олмон аз соли 2002 ҳамшарики асосии Тоҷикистон дар соҳаи ҳамкории иқтисодӣ баҳри рушд буда, як қатор лоиҳаҳоро дар бахши рушди устувори иқтисодӣ,  тандурустӣ, маориф, энергияи таҷдидшаванда, ҳифзи муҳити зист ва ҷилавгирӣ аз офатҳои табиӣ маблағгузорӣ мекунад.
Таъкид гардид, ки  аз солҳои нахустини  барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ  байни Тоҷикистон ва Олмон Ҳукумати ин кишвар дар доираи ҳамкории техникӣ ва молиявӣ ба маблағи 100 миллион евро ба Тоҷикистон  кумак намудааст.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар рушди парламентаризм,  энергетика ва истифода аз технологияҳои муосири соҳа баррасӣ шуд. Гуфтугӯи судманд доир ба имконоти иштироки Олмон ва ширкатҳои бонуфузи он дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон, сохтмону навсозии неругоҳҳои барқӣ, истифода аз манбаъҳои алтернативии истеҳсоли неруи барқ ва бунёди шабакаҳои таҳвил ва интиқоли барқ сурат гирифт.
Андреас Пешке изҳор дошт, ки Олмон  Тоҷикистонро яке аз шарикони  боэътимоди худ дар минтақа медонад ва омода аст ба ин кишвари дӯсту бародар кумаки бевоситаи худро расонад.

Май 24, 2016 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд