Қабули қонун дар бораи фаъолияти башардӯстонаи зидди минаҳо

Май 27, 2016 17:00

Душанбе, 27.052016/АМИТ «Ховар»/. «Дар давоми 23 соли охир  солҳои 1992 -2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асари таркиши минаҳо  ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ 859 нафар  зарар дидаанд, ки аз он 485 нафар маҷрӯҳ  ва 374 нафар ҳалок шуданд»,- гуфт зимни баррасӣ ва қабули  лоиҳаи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  фаъолияти башардӯстонаи зидди минаҳо» директори Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо Муҳаббат Иброҳимзода дар Парлумони  кишвар.
Иброҳимзода  ҳадафи  таҳия ва қабули  лоиҳаи қонуни мазкурро тавзеҳ дода гуфт, ки он бо мақсади  танзими ҳуқуқҳои  уҳдадориҳои мақоми ваколатдор оид ба фаъолияти башардӯстонаи зидди минаҳо ва мақомоти дигари давлатӣ,  тартиби аккредитатсияи субъектҳои фаъолияти мазкур,  вазъи ҳуқуқии сапёрон, тартиби  тоза кардани ҳудудҳои хатарнок ва супоридани онҳо, огоҳсозӣ аз хатари  минаҳо ва  ҳамкории байналмилалӣ таҳия шуда, дар маҷмӯъ самти он ба тақвияти корҳо  дар масъалаи поксозии минаҳо дар қаламрави кишвар нигаронида шудааст.
Зикр шуд, ки дар тӯли солҳои 2004-2015 аз ҷониби мутахассисони  Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо ва дигар шарикони барномаи амалиёти зидди минаҳо дар 14 ноҳияи осебпазири кишвар  234 майдони хатарнок бо масоҳати 1630 гектар тоза карда шудааст.  Ҳамзамон Иброҳимзода афзуд, ки алҳол дар ҷумҳурӣ майдони беш аз 10 километри мураббаъ хатарнок арзёбӣ гардида,  бояд аз минаҳо тоза  карда шаванд. Қисми  бештари майдонҳои хавфнок  ба навоҳии тобеи марказ ва марзи Тоҷикистону Афғонистон  рост меоянд.  Бояд тазаккур дод, ки тибқи маълумот дар 70 кишвари ҷаҳон хатари минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ ҷой дорад, ки кишвари мо яке аз онҳост.

Май 27, 2016 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Данғара таҳти унвони «Ҷомеаи солим маҳсули оилаи солим аст» иқдоми маърифатӣ доир шуд
Пагоҳ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
4945 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 44 дараҷа гарм мешавад
20 июл дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
17 июл дар якчанд идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ДАР МАСИРИ ИЛМУ МАЪРИФАТ. Эҳдо ба рӯзи таъсисёбии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад