Агентии назорати маводи нашъадор ва ВКД ФР зарурати васеъ намудани ҳамкориро муҳокима намуданд
Душанбе, 25.05.16 /АМИТ «Ховар»/. Дар чорчӯбаи Мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар Душанбе вохӯрии директори Агентии назорати маводи нашъаовари (АНМН) назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода бо вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Владимир Колоколтсев баргузор гардид.
Тавре ки сомонаи расмии АНМН хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ зикр гардид, ки ваколатҳои собиқ Хадамоти Федералии ФР оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовар ба зиммаи Вазорати корҳои дохилии Русия вогузор шудааст, бинобар ин рушди ҳамкорӣ байни агентӣ ва ВКД Русия ҷузъи таркибии баланд бардоштани самаранокии муқовимат ба паҳншавии маводи нашъаовар мебошад.
Зимни вохӯрӣ масъалаи идомаи иҷрои «Созишнома байни АНМН ва ХФНМН Русия оид ба расонидани кумак ба агентӣ дар соҳаи назорати воситаҳои нашъаовар, маводи психотропӣ ва прекурсорҳо» мавриди муҳокима қарор гирифт. Барномаи ҳамкорӣ оид ба расонидани кумак ба агентӣ, ки барои солҳои 2015-2017 пешбинӣ шудааст, дар ин самт нақши муҳим дорад ва он аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Русия пурра иҷро хоҳад гардид.
Тарафҳо диққати асосиро ба зарурати васеъ намудани ҳамкорӣ дар самти гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ, ташкил ва гузаронидани амалиёти муштарак, баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандон равона намуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ вазири корҳои дохилии ФР омодагии худро барои рушди ҳамкорӣ байни АНМН ва ВКД Русия баён намуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






