Ҷаласаи навбатии Комиссияи мусобиқаи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Душанбе, 31.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз ҷаласаи навбатии Комиссияи мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ таҳти роҳбарии раиси Комиссия, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим доир гардид.
Дар ҷаласа масъулин оид ба ҷараёни марҳилаи якуми мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар вилоятҳо, ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ҳолати баргузории мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ гузориш доданд.
Азим Иброҳим раиси Комиссия барои инъикоси васеъ ва ҳамаҷонибаи ин чорабинии муҳими ҷумҳуриявӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма минатдории худро баён намуда, иброз дошт: «Воқеан дар воситаҳои ахбори омма инъикоси ин чорабинӣ хуб ба роҳ монда шудааст, дар он ҳам тавсиф ва ҳам танқиди холисона дида мешавад. Вале масъулини гурӯҳи корӣ бо намояндагони ВАО ҳамкориро бояд боз ҳам беҳтару бештар ба роҳ монанд».
Дар ҷаласаи Комиссияи мусобиқаи ҷумҳуриявӣ намунаҳои иловагии ҷоизаҳо ва нишонҳои хотиравӣ мавриди баррасии аъзои Комиссия қарор гирифтанд.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






