Ҷаласаи навбатии Шӯрои ТШСИ дар Душанбе доир гардид

Май 20, 2016 17:29

Душанбе, 20.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. 18-уми май дар шаҳри Душанбе ҷаласаи III-юми Шӯрои Ташаббуси шаффофияти соҳаҳои истихроҷ (ТШСИ) дар Тоҷикистон таҳти раёсати муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — Раиси Шӯрои ТШСИ дар Тоҷикистон Меҳринамо Ҷонмамадова доир гардид.
Дар ҷаласа ҳайати Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии Боубакар Бокоум иштирок дошт.
Дар ҷаласа лоиҳаи ҳисоботи солонаи корҳои анҷомдода оид ба амалисозии ТШСИ дар Тоҷикистон дар соли 2015 ва лоиҳаи нақшаи кории такмилёфта барои солҳои 2016-2017 баррасӣ ва тасдиқ шуданд. Ин санадҳо дар асоси талаботи ТШСИ таҳия шуда, якдилона дар ҷаласаи мазкур тасдиқ гардиданд.
Зимни ҷаласа намояндаи Бонки ҷаҳонӣ Боубакар Бокоум андеша ва тавсияҳои худро баён дошта, ба  кори Шӯрои ТШСИ баҳои баланд дод. Ӯ зикр кард, ки ба Шӯро муяссар гардид, дар як муддати кӯтоҳ кори мушаххасеро анҷом диҳад ва ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардад. Б. Бокоум ҳамчунин бовар кунонд, ки Бонки ҷаҳонӣ омода аст барои рушди минбаъда ва амалисозии ТШСИ дар Тоҷикистон кумаки молиявӣ расонад.
Муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Ҷонмамадова ҷаласаро натиҷагирӣ карда, ба роҳбари ҳайати Бонки ҷаҳонӣ Б. Бокоум ва аъзои гурӯҳи корӣ барои кори муштарак ва самарабахш изҳори сипос намуд ва афзуд, ки тамоми чорабиниҳои минбаъда дар вақти муайянгардида самаранок гузаронида мешаванд.

Май 20, 2016 17:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд