Амалисозии меъёрҳои байналмилалии аудит дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 30, 2016 14:57

Душанбе, 30.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Амалисозии стандартҳои байналмилалии аудит дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовард ва дурнамо»-таҳти ин унвон имрӯз дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон суҳбати  «мизи мудаввар» баргузор шуд.
Ноиби ректор оид ба илм Ғиёсиддин Ашуров зикр сохт, ки истифодаи самараноки стандартҳои байналмилалии аудит барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ шароити мусоид фароҳам меорад.
Дотсенти кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Мирзохонов  дар мавзӯи «Муаммоҳои стандартҳои байналмилалии аудит ва коркарди стандартҳои миллии аудит дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гуфт, ки имрӯз Тоҷикистон ба коркарди стандартҳои миллӣ ниёз дорад. Кишвари мо бояд узви Федератсияи байналмилалии муҳосибӣ гардад ва ҳаққи узвият супорад.
Валимад Мавлонов — сармутахассиси Раёсати стандартҳо, таҳлил, рушд ва робитаҳои байналмилалии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Мақсадҳои асосии аудитори мустақил ва гузаронидани аудит тибқи стандартҳои байналмилалӣ» изҳор дошт, ки ҳадафи асосии таъсиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон самарабахшии идоракунӣ дар кишвар мебошад.
Имрӯз аз ҷониби ин мақомоти олии назорати молиявӣ 8 меъёри миллӣ дар ҳоли коркард қарор дорад.

Май 30, 2016 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад