Ҳамоишҳои фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар ноҳияҳои водии Рашт
Рашт, 10.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 71-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон дар ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Сангвор, Тоҷикобод ва Лахш ҳамоишҳои тантанавӣ баргузор шуданд, ки дар онҳо собиқадорони меҳнат, иштирокдорони ҶДҶ, ҷавонону наврасон ва кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳияҳо иштирок намуданд.
Дар чорабиниҳои мазкур иштирокдорони ҶДҶ ба ҷавонон таъкид карданд, ки фиребхӯрдаи бегонагону душманони ватан нагарданд ва махсусан ҷавонон барои ҳифзи Ватан омода бошанд ва нагузоранд, ки душманони миллатамон кишвари моро ноором созанд.
Ҳамчунин дар арафаи ҷашни Ғалаба масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои мазкур ба аёдати иштирокдорони ҶДҶ рафта, туҳфаҳои пулии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кумакҳои моддии ноҳияҳоро расониданд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






