Ҳамоиши «Созандагони Ватан» зери шиори «Ҳама- ба раъйпурсӣ!»
Душанбе, 14.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. 22 майи соли равон чорабинии муҳими давлатӣ раъйпурсӣ барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад. Сокинони ноҳияи Панҷ нисбат ба ин маъракаи сиёсӣ, ки бозгӯкунандаи ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии мамлакат мебошад, бетараф набуда, ҳамаҷониба омодагии худро барои раъйдиҳӣ изҳор медоранд.
Баҳри боз ҳам возеҳтар ва аз наздик ба раъйдиҳандагон расонидани мақсаду мароми ин маъракаи муҳими сиёсӣ 12 майи соли равон бо ташаббуси намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Панҷ ҳамоиш зери шиори «Ҳама- ба райъпурсӣ!» баргузор шуд.
Баъди роҳпаймоӣ дар маркази шаҳрак гурӯҳ-гурӯҳ ҷавонон бо варақаҳои даъватӣ оид ба раъйпурсӣ дохили марказҳои савдо, бозорҳо, мағозаҳо ва ташкилоту муассисаҳо гардида, раъйдиҳандагонро ба иштироки фаъолона дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ даъват намуданд.
Роҳпаймоии ҷавонон дар ноҳияи Панҷ дар сатҳи баланди сиёсию маърифатӣ доир гардид.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






