Ҷангиёни Афғонистон мубодилаи маҳбуси ба асорат афтодаи «Толибон»-ро талаб карданд

Май 30, 2016 16:58

Душанбе, 30.05.2016 / АМИТ «Ховар» /. Ҷангиёне, ки  Ваҳидулло Бекзод-  муовини сардори идораи амнияти дар музофоти Қундузи шимолу шарқии Афғонистонро ба асорат гирифтаанд, омодаанд ӯро бо Қорӣ Салим,  ки дар давоми як амалиёти махсус дар шаҳристони Хонобод дар охири моҳи апрел  дастгир  шуда буд, иваз кунанд.
Наздикони афсар дар шабакаи иҷтимоӣ аксеро, ки дар он ифротгароён   таппончаро ба чаккаи вай  мондаанд, ба маъраз гузоштаанд.  Наздикони афсар ба сарвари давлат ва мақомоти давлатӣ дар Афғонистон бо хоҳиши кумак барои озодии ӯ муроҷиат намудаанд. Масъули  амалиёти  низомии  экстремистон дар музофоти шимолу шарқии Қундуз Салим ва чор тобеи  ӯ аз ҷониби сохторҳои  Артиши миллӣ  шаби 25-уми апрел дар ҳудуди шаҳристони Хонобод дастгир карда шуданд.  Дар ҷараёни як амалиёти махсуси неруҳои ҳукуматӣ  чаҳор низомии дигар аз  тобеони Салим ҷароҳат бардоштанд
28 май дар ҳудуди шаҳристони  Хонобод дар  масири Қундуз- Тахор дар  роҳи нақлиёт ҷангиён камин ихтиёр  карданд, ки дар натиҷа, муовини сардори идораи амнияти Қундуз Ваҳидулло  Бекзод  дастгир шуд.
Дар ин ҳамла як корманди милиса, ки  Бекзодро ҳамроҳӣ мекард,  кушта шуд.

Май 30, 2016 16:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд