Артиши Сурия кони гази Аш — Шоерро таҳти назорати худ даровард

Май 5, 2016 13:26

Душанбе, 05.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Артиши Сурия гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ»- ро аз мавқеи ишғолкардааш дар кони нафту гази Аш-Шоер (120 км аз Ҳумс) бартараф кардааст. Бино ба иттилои рӯзномаи «Ал-Watan», ҷангиён он ҷо рӯзи душанбе панҷ чоҳи газро забт карданд. Гурӯҳҳои ДИ беихтиёр дар ақибгоҳи неруҳои Сурия, ки баъд аз озод шудани Палмира ҳуҷум ба қаъри биёбони Сурия ва марз бо Ироқро давом медиҳанд, қарор гирифтанд.
Тибқи иттилои «Ал-Watan», амалиёти озодкунии кони газ бо дастгирии фаъоли Неруҳои ҳарбӣ-ҳавоии Сурия сурат гирифт. «Дар ҷараёни он рақиб талафоти ҷонӣ бардошта, техникаи низомиаш низ тахриб гардид»,- зикр мекунад нашрия. Аш-Шоер, ки дар минтақаи марказӣ ҷойгир шудааст, майдони калонтарини гази Сурия ба ҳисоб меравад.

Май 5, 2016 13:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд