Ҷашни шоҳмот ва арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ аз ҷониби ҷавонон
Душанбе, 14.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, инчунин Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳо вобаста ба «20 рӯзи ҷавонӣ» имрӯз, 14 май дар 68 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ «Мусобиқаи ҷумҳуриявии шоҳмотро барои таҳкими неруи зеҳнӣ ва пешгирии ифротгароӣ» ва Ҳамоиши ҷавононро таҳти унвони «Парчами миллӣ ифтихори ман!» оғоз кардаанд, ки мақсади он рушди шоҳмот, сайқал додани мафкураи зеҳнии наврасону ҷавонон, ҳамзамон пешгирии корҳои номатлуб, аз қабили авбошӣ, ғоратгарӣ, ифротгароӣ ва дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани наврасону ҷавонон мебошад. Ҳамоиши мазкур то бегоҳ идома меёбад.
Инчунин имрӯз ҳамоиши ҷумҳуриявии «Ҷавонон ва раъйпурсӣ» бо иштироки васеи ҷавонон баҳри даъвати оммаи васеи мардум ба маъракаи муҳими сиёсӣ- раъйпурсии умумихалқӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, зиракии сиёсӣ, таъмини иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат ва баланд бардоштани мавқеи устувори онҳо дар бунёдкорӣ ва созандагии ҳар як ваҷаб хоки муқаддаси Тоҷикистони азиз доир мешавад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






