«Ҷавонон-неруи пешбарандаи ҷомеа»- суҳбати созанда дар Конибодом
Душанбе, 28.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Раёсати маорифи шаҳри Конибодом бо иштироки идроргирандагон ва хонандагони фаъоли шаҳр дар мавзӯи «Ҷавонон-неруи пешбарандаи ҷомеа» вохӯрӣ доир шуд.
Иштирокдорони мулоқот атрофи мавзӯъ андешаронӣ намуда, ақидаҳои хешро бобати бештару муассиртар гардонидани саҳми ҷавонон дар пешбурди ҷомеа ва зиёд намудани фаъолнокии онҳо дар корҳои ҷамъиятӣ, баланд бардоштани донишу маҳорат, ҳисси ифтихори миллӣ, меҳру муҳаббат нисбат ба Ватан баён доштанд. Хонандагони боистеъдоду эҷодкор оид ба корҳои эҷодӣ, ихтироъкориҳои худ ва нақшаҳои ояндаашон сухан карданд.
Вохӯрии мазкур бо мубодилаи афкор, баёни андеша ва муҳокимарониҳои судманду хотирмон анҷом ёфт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






