«Ҷавонон зидди ифротгароиянд»-суҳбати созанда дар ДМИТ

Май 12, 2016 16:40

Душанбе, 12.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ ва дарки хатарҳои аз терроризму экстремизм бароянда имрӯз дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон вохӯрии донишҷӯёну устодон бо муовини директори Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Абдуллоев баргузор шуд.
Тавре ки аз донишкадаи мазкур хабар доданд, Мирзо Абдуллоев дар бораи мафҳуми экстремизму терроризм, омилҳои асосии гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, хатарҳои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдидкунандаи терроризми байналмилалӣ, нақши мақомоти қудратии кишвар дар пешгирии амалҳои террористӣ, хатарҳои ифротгароии динӣ ва дигар масъалаҳо рӯшанӣ андохт.
Гуфта шуд, ки имрӯз ифротгароӣ ва терроризм ҷиддитарин таҳдиди суботу амнияти ҷаҳониянд. Онҳо асосҳои маънавии ҷомеаро хароб карда, ҳуқуқу озодиҳои инсонро поймол ва ба ҷомеаи мутамаддин хатар эҷод мекунанд. Бинобар ин дар шароити кунунӣ ба хотири ҳифзи манфиатҳои давлатдории миллӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва номи пуршарафи донишҷӯиро бо талаби донишу илм баланд бардоранд.

Май 12, 2016 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд