Ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи “D”-и Осиё ҷойгиранд
Душанбе, 4.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси қуръакашии бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё оид ба футбол байни футболбозони то 19- сола, ки дар шаҳри Манамаи Баҳрайн аз 13 то 30 октябри соли равон баргузор мешаванд, дастаи мунтахаби Тоҷикистон якҷоя бо дастаҳои мунтахаби Чин, Австралия ва Узбекистон ба гурӯҳи “D” шомил шуд.
Футболбозони мо бозии аввали худро дар варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити» 15 октябр бо тими мунтахаби Узбекистон барпо мекунанд. Дар даври дуввуми рақобатҳо тоҷикистониён бо дастаи мунтахаби ҷавонони Чин (16 октябр) ва дар бозии охирини гурӯҳӣ бо Австралия (21 октябр) вориди майдон мешаванд. Ду вохӯрии охирин дар Варзишгоҳи миллии Баҳрайн сурат мегиранд.
Ба ҳамин тартиб баъди қуръакашӣ гурӯҳҳо чунин муайян шуданд:
Гурӯҳи «А»: Баҳрайн, Таиланд, Кореяи Ҷанубӣ, Арабистони Саудӣ.
Гурӯҳи «В»: Кореяи Шимолӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб, Ироқ, Ветнам.
Гурӯҳи «С»: Қатар, Ҷопон, Яман, Эрон.
Гурӯҳи «D»: Узбекистон, Чин, Австралия, Тоҷикистон.
Ду дастаи беҳтарини гурӯҳҳо дар давраҳои минбаъда муборизаро барои ноил шудан ба роҳхати Чемпионати ҷаҳон дар ин синн идома медиҳанд.
Ҳамеша аз Осиё чаҳор даста ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми ҷаҳон мераванд, вале имсол агар мизбони Чемпионати ҷаҳони соли 2017 Кореяи Ҷанубӣ миёни дастаҳои Осиё ба ин чоргона ҳамроҳ шавад, он гоҳ дастае, ки дар бозиҳои ниҳоии Чемпионати Осиё -2016 ҷойи панҷумро мегирад, соҳиби роҳхат ба бозиҳои ниҳоии Чемпионати ҷаҳон -2017 хоҳад шуд.








Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд






